Грош (лаҳӣ: groszолмонӣ: Groschenлот. grossus <denarius>) — танга (сикка)-и замонҳо ва кишварҳои мухталиф.

Грош
Нигора
Номида ба шарафи Gros tournois[d]
Нишондиҳандаи ченак Gr ва g
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зарробии грош дар Итолиё дар асри 12 оғоз шуда буд. Дар асрҳои 13-14 грош дар аксари сиккахонаҳои кишварҳои ҷаҳон зарробӣ мегардид. Дар ибтидо грош тангаи калонҳаҷми нуқрагӣ буд. Мас., гроши прагагии Вотслави II, ки дар ибтидои асри 14 зарробӣ шуда буд, 3,5 г вазн дошт. Дар давоми асрҳои 14-15 вазн ва сифати филиззии грош кам шуд ва дар асри 16 ба тангаи хурди табодулӣ табдил ёфта, дар аксари кишварҳо ба истифода бароварда шуд. Дар замони имрӯза гроши мисин дар Лаҳистон дар гардиш аст. Грош дар Русия дар асри 17 пайдо шуд ва ҷойи тангаи мисии арзишаш 2-тина (копейка)-ро гирифт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш