Гулистон (деҳа, н. Ваҳдат)

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулистон то маркази шаҳр 12 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1458 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Баҳор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1458 тан
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3136

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳоҷиқатаған давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳояш тариқи нассосҳои обкаш аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.

Сарчашма

вироиш