Тошпӯлод Гулмуродов
(Тағйири масир аз Гулмуродов Тошпӯлод)
Тошпӯлод Гулмуродов — доктори илми тиб (1989), профессор (1990). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (2003).[1]
Тошпӯлод Гулмуродов | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1953 |
Фазои илмӣ: | олим |
ЗиндагиномаВироиш
Тошпӯлод Гулмуродов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1974), ихтисос – «ҷарроҳӣ». Самти асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии дилу рагҳо ва сина. Мудири кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1992-2003). Директори Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва синаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2011). Роҳбари илмии Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва синаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011).
ҶоизаҳоВироиш
- Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (2003).
МанобеъВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |