Гулмуҳаммад Аннақулов
Гулмуҳаммад Аннақулов (1901, деҳаи Ғортеппаи ноҳияи Ленин — 1978, ноҳияи Орҷоникидзеобод) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1948)
Гулмуҳаммад Аннақулов | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1901 |
Зодгоҳ | деҳаи Ғортеппаи ноҳияи Ленин |
Таърихи даргузашт | 1978 |
Маҳалли даргузашт | Орҷоникидзеобод |
Ҷоизаҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Дар Ёвон, Янгибозор, Ромит барои барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ, сохтмони колхозҳо ва ҷанги зидди босмачиён фаъолона иштирок кардааст (1923—1931), мудири шӯъба ва аъзои комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Кофарниҳон (1932—1935), раиси колхози ба номи Ленин (1936—1937), раиси комитети иҷроия (1937—1942), котиби комитети Ҳизби коммунистии ноҳияи Кӯктош (1943—1945) ва раиси ҷамъияти матлуботи ҳамин ноҳия (1945—1952), раиси колхози ба номи Андрееви ноҳияи Ҷилликӯл (1953—1957), муовини раис ва котиби комитети Ҳизби коммунистии колхози ба номи Телмани ноҳияи Орҷоникидзеобод (1958—1960) буд. Аз соли 1961 нафақагир. Соли 1938 депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 1) интихоб гардид.
Ордену медалҳоВироиш
Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ» ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Аннақулов Гулмуҳаммад // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |