Гулназар Келдӣ

(Тағйири масир аз Гулназар)

Гулназар Келдӣ (20 сентябри 1945, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 13 августи 2020[1], Душанбе, Тоҷикистон) — шоири тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон (1995). Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994).

Гулназар Келдӣ
Таърихи таваллуд: 20 сентябр 1945(1945-09-20)
Зодгоҳ: деҳаи Дар-Дар, ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 13 август 2020(2020-08-13)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1969-2020
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:

Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1985) Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода (1991) Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994)

Шоири халқии Тоҷикистон (1995)

Дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо (2016)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз ва сипас дар маҷаллаи « Садои Шарқ» идома медиҳад. Солҳои 1975—1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол аст.

Эҷодиёт вироиш

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Расми сарбозӣ» дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи «Расми сарбозӣ» мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи «Забони ошиқӣ» дар Теҳрон мунташир кард.

Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари профессор Мирзои Муллоаҳмад,

«вежагии боризи ашъори Гулназар Келдӣ ҷанбаи қавии иҷтимоъии онҳост. Гулназар Келдӣ тавонистааст дарди мардумро ба забоне сода ва самимӣ бигӯяд, ки боъиси пазируфта шудани ашъораш аз сӯи мардум шудааст.»

Гулназар, шоири ҳама

Нигоҳи шоъиронаи Гулназар Келдӣ ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.

Устод Лоиқ Шералӣ, ки бо Гулназар Келдӣ тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» кор карда буд, гуфта буд:

«Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст»

Гулназар, шоири ҳама

. Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд:

«Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст»

Гулназар, шоири ҳама

.

Акнун устод Гулназар Келдӣ дар интишороти «Адиб» кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи «Туву хубиву раъноӣ» мунташир шуд. Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар Келдӣ дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли «Дар орзуи падар» аст.

Осор вироиш

  • «Расми сарбозӣ» (1969).
  • «Дастархон» (1972),
  • «Нордбон» (1975),
  • «Ағба» (1978),
  • «Паҳно» (1981),
  • «Лангар» (1983),
  • «Пайи дарё» (1985),
  • «Чашми нигин» (1988),
  • «Табхола» (1992 г.);
  • «Туву хубиву раъноӣ»,

Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи «Звезда Улугбека» (1981) ва «Безымянный родник» (1986) дар нашриёти «Советский писатель», Русия ва «Тень тутовника» (1989) дар Душанбе чоп шудаанд.

Суруди миллии Тоҷикистон вироиш

Суруди миллии Тоҷикистон, сурудаи Гулназар аст. Соли 1991 яке аз ашъори Гулназар ба унвони «Суруди миллии Тоҷикистон» ҷойгузии шеъри Абулқосим Лоҳутӣ шуд, ки дар тамҷиди мардуми рус ва давлати Шӯравӣ навишта шуда буд. «Суруди миллӣ»-и Гулназар дар ситоиши Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақиллу озод аст. Дар яке ду соли ахир «Суруди миллӣ» мавриди баҳсу гуфтугӯҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Гулназар мегӯяд, ки аз ин баҳсҳо хаста нашуда ва мунтазир аст бибинад, ки чи каси дигаре суруди миллии беҳтаре хоҳад навишт.

Ҷоизаҳо вироиш

Донистаниҳо вироиш

Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. В Душанбе скончался народный поэт Гулназар Келди(рус.). Sputnik Таджикистан. 13 августи 2020 санҷида шуд.
  2. http://www.pitfi.tj/node/116 Медали Аврупо ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ

Пайвандҳо вироиш