Гулчанбар — ороише, ки дар шакли доира аз баргу поя, гул, шохчаи рустаниҳои ҳамешасабз, маснуоти сунъӣ, коғаз ва ғайра таҳия мекунанд.

Гулчанбар дар фурӯшгоҳ

Гулчанбар вобаста ба мақсади истифода идона, ҷашнӣ, сӯгворӣ ва ғайра мешавад. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқаҳои навозандагӣ ва варзиширо бо гулчанбар сарфароз мекарданд. Ба ғолибони бозиҳои Пифий чанбари баргҳои лавр (ғор) супорида мешуд. Дар асри 5 то м. Гулчанбар рамзи ҳақиқии пирӯзӣ гашт. Дар империяи Рум гулчанбар мақоми ҷоизаро дошт. Мас., барои аз марг раҳонидани шаҳрванди Рум ба наҷотгар гулчанбари баргҳои булут дода мешуд; ба ҷанговароне, ки аввалин шуда девори шаҳри душманро фатҳ мекарданд, гулчанбарҳои махсус месупориданд. Минбаъд ҷои чанбаракҳои гулу гиёҳиро ашёи филиззӣ гирифт ва ҳамин тавр, тоҷ пайдо шуд. Гулчанбар дар байни бисёр халқҳо шуҳрати беандоза дорад. Бино ба баъзе расму ойинҳои қадимӣ баъзе халқҳои славянӣ бо гулчанбар фол мекушоянд. Чунончи, дар рӯзи Иван Купала (иди қадимии халқии заминдорони динпараст, ки ба 24 июн рост меояд) духтарон ба об гулчанбар сар дода, бо ҳамин роҳ фол медиданд: гулчанбари зери об маънии марг, гулчанбари рӯи об маънии издивоҷро дошт. Гулчанбарҳои муосир бештар рукни ҷашниро соҳиб гашта, вобаста ба мақсад навиштаҷот доранд. Онро чун рамзи эҳтиром, поси хотир ба пояи муҷассамаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва муосир мегузоранд.

Адабиёт

вироиш