Гурӯҳи манфиатҳо — иттиҳодияи ихтиёрӣ, ки талаботу манфиатҳои одамонро дар алоқамандӣ бо ниҳодҳои дигари сиёсии ҷомеъа, бо гурӯҳҳои дигар ё умумиятҳои дигари ҷамъиятӣ ифода менамояд. Гурӯҳи манфиатҳо аз шаклҳои дигари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунад. Гурӯҳи манфиатҳо, бар хилофи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳокимиятхоҳ набуда, интихоботро чун воситаи расидан ба сари қудрат ва ба даст овардани ҳокимият истифода намебарад. Вазифаи асосии гурӯҳи манфиатҳо мутталеъ гардондани аҳли ҷомеъа, пеш аз ҳама, ҳокимият, дар бораи манфиатҳо, дархостҳо ва андешаҳои ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳи манфиатҳо асосан тавассути боваркунонӣ, маслиҳатдиҳӣ, ташкили гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, корпартоиҳо ва ғайра баҳри ҳимояи манфиатҳо фаъолият менамояд.

Гурӯҳи манфиатҳо андешаҳо ва фикрҳои парешон, мавқеъ ва пешниҳоди одамонро таҳлил карда, бо мақсади таъсиррасонӣ ба раванди сиёсӣ талабҳои муайян пешниҳод менамояд. Ҷудо намудани талаби асосӣ низ ба зиммаи гурӯҳи манфиатҳо меафтад. Ин имконият медиҳад, ки дар охир тарафҳо ба созиш оянд.

Соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибатҳои мутақобилаи одамон ва ниҳодҳои сатҳи гуногун гурӯҳи манфиатҳои бешуморро ташаккул дода метавонанд. Масалан, дар иқтисодиёт — ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, иттиҳодияҳои фермерӣ, иттифоқҳои касаба ва ғайра; дар сиёсат — ҳаракатҳои экологӣ, ҳаракат баҳри сулҳ, ҳаракатҳои феминистӣ (нигар феминизм), ҷамоаи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайра.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш