Гӯркон Уйгун

ҳунарпешаи турк

Гӯркон Уйгун (тур. Gürkan Uygun); тав. 27 майи 1974, , Измит, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк бо решаҳои [1]. Вай бештар бо нақши Мемати Баш дар силсилафилми телевизионии "Водии гургон" ва идомаи он маъруф аст.

Гӯркон Уйгун
тур. Gürkan Uygun
Таърихи таваллуд: 27 май 1974(1974-05-27) (49 сол)
Зодгоҳ: Измит, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1990-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 1699178

Зиндагинома вироиш

Гӯркон Уйгун 27 майи соли 1974 дар Измит таваллуд шудааст. Гӯркон дар мактаб бо театр шинос шудааст. Аввалин нақши худро дар театри ҳаваскорон соли 1990 ба даст овард[2]. Соли 1996, пас аз таҷриба андӯхтан, Гӯркон Уйгун ба телевизион пайваст. Вай дар мини-лоиҳаи "Дили девона" ширкат варзид ва дар филми мазҳакавии Бора Текай "Лубиё" нақш гирифт.

Фаъолият вироиш

Аз соли 2003, тӯли 9 сол, Уйгун дар силсилафилми телевизионии Водии гургон ва филмҳои он нақш бозидааст. Вай нақши Мематӣ Баш - дасти рости раҳбари мафия Сулаймон Чақирро ба даст овард.

Соли 2013, ӯ дар силсилафилми телевизионии "Асри муҳташам" ҳамчун меъмор Мимар Синон нақш офаридааст. Аз соли 2014, ӯ дар силсилафилми "Фирорӣ" нақш офаридааст, нақши агенти собиқи полис Сарҳадро мебозад, ки баъдтар бар зидди мафияе, ки ба он муаррифӣ шудааст, мубориза мебурд.

Соли 2016 дар силсилафилми" Kehribar" нақши асосиро бозидааст, ки лоиҳа то 15 қисм давом намуда дар шабакаи atv пахш шудааст.

Соли 2017 бо Карам Бурсин ва Лайло Лидия Туғутлу барои нақшҳои асоси дар силсилафилми 20-қисмаи "Ин шаҳр туро мехонад" даъват шуданд. Лоиҳа аз тарафи Ay Yapim ба навор гирифта шудааст.

Соли 2018 Гӯрконро барои иҷрои нақши Далибаш - вафодори Султон Маҳмад (Кенон Имирзалиоғлу) дар силсилафилми "Mehmed: Bir Cihan Fatihi" даъват намуданд, ки лоиҳа ноком гардид ва дар қисми 6 баста шуд. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳои маъруф аз қабили Четин Текиндор, Ҳазал Филиз Кӯчӯккосе, Садаф Овҷӣ ва дигарон низ ҳунарнамоӣ намуданд.

Аз соли 2018 то 2020 дар силсилафилми таърихии "Payitaht: Abdülhamid" нақши Халил Холид Бойро бозидааст. Нақшҳои асосиро Бӯлент Инал ва Узлам Конкар бозидаанд.

Аз соли 2020 ӯ дар силсилафилми таърихии "Uyanış: Büyük Selçuklu" нақш мебозад.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Гӯркон аз соли 2008 бо Шабнам Ҷейлон издивоҷ кардаанд.

Нақшҳои театрӣ вироиш

Филмнома вироиш

Филм вироиш

Силсилафилм вироиш

Музиквидео вироиш

Ҳуҷҷатиҳо вироиш

Таблиғи филмҳо вироиш

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Gürkan Uygun kimdir? (31 March 2016). 11 июли 2020 санҷида шуд.
  2. TONYALI, HIZIR. Memati ve Deli Hikmet çay topladı, İhlas News Agency (27 August 2008). Проверено 27 марти 2015.

Пайвандҳо вироиш