Дабири Лакҳнавӣ
Мирзо Саломаталӣ Дабири Лакҳнавӣ (форсӣ: مِرزا سلامت علی دبیر لکهنوی; 29 август 1803[1][2], Деҳлӣ — 6 март 1875[1][2], Лакҳнав, Роҷи Бритониё) — шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон.
Тахаллусҳо: | Dabeer |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 29 август 1803[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 6 март 1875[1][2] (71 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | урду[3] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз наберагони Аҳлии Шерозӣ. Дар ҳафтсолагӣ ҳамроҳи волидайнаш аз Деҳлӣ ба Лакҳнав кӯчида, дар ин шаҳр аз устодони барҷастаи замонаш илмҳои сарфу наҳв, маонию баён, мантиқу фалсафа, тафсир, ҳадис, фиқҳ ва усули онро омӯхт. Бо тахаллуси «Дабир» ба се забон — форсӣ, арабӣ ва урду шеър мегуфт. Дабири Лакҳнавӣ аз бузургтарин марсиясароёни шибҳиқораи Ҳинд ба забонҳои форсию урду аст. Ӯ беш аз се ҳазор марсия навиштааст, ки шуҳрати зиёд доранд. Куллиёти ашъори форсию урдуи ӯ дар Покистон ва Эрон ба чоп расидааст. Роҷеъ ба зиндагиномаи Дабири Лакҳнавӣ Мирзоафзал китобе ба номи «Ҳаёти Дабир» ва пиромуни рӯзгор ва осори ӯ Муҳаммадзамони Озурда рисолае бо номи «Мирзо Саломаталии Дабир» навиштаанд. Озурда ишора мекунад, ки Дабири Лакҳнавӣ барои шуҳратманд шудан ҳеч гоҳ кӯшиш накардааст. Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, марсияҳои Дабири Лакҳнавӣ хонандаро ба кӯи яъс набурда, балки бо суханони ҷонбахш ба дилҳои ноумед умеди тоза меоранд. Дабири Лакҳнавӣ собит намуд, ки имконоти навиштан ва тасвирҳо дар марсия хеле зиёд аст ва шарт нест, ки аҳволи бе ин ҳам маҳзуни ашхоси ғамнок боз ғамгинтар шавад. Аз ин ҷост, ки Дабири Лакҳнавӣ бештар дар ҷустуҷӯи мукаммал гардондани мазмуни марсияҳо мекӯшид ва ашъораш гувоҳи он аст, ки вай дар ин самт муваффақиятҳо ба даст овардааст. Баъдан шоирони зиёде ба мисли Таашшуқ, Ишқ, Рашид, Ориф, Воҳид, Мир Хуршеди Нафис, Мирзо Ҷаъфари Авҷ, Орифи Лақҳнавӣ ва ғайра пайрави мактаби эҷодии Дабири Лакҳнавӣ гардиданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Дабири Лакҳнавӣ / Ҳ. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.