Давлаталӣ Саидов

Давлаталӣ Шомаҳмадович Саидов - Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон

Давлаталӣ Саидов
Давлаталӣ Шомаҳмадович Саидов
Таърихи таваллуд: 1970
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Навъи фаъолият: Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон

30 марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллат:тоҷик

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2008 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисос: иқтисодчӣ, иқтисодиёти миллӣ

Солҳои 1993-2005 кор дар вазифаҳои гуногун дар Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2007 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония

Аз 19 октябри соли 2009 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.

Бо ордени Шараф дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Забонҳои хориҷи - русӣ, англисиро озод медонад.

ПайвандҳоВироиш