Давлати ҳуқуқбунёд
Давлати ҳуқуқбунёд – истилоҳи давлати ҳуқуқбунёд (Rechstaat) дар адабиёти ҳуқуқии Олмон дар нимаи дуюми асри XVIII - аввали асри XIX пайдо шудааст. Онро дар асарҳои худ К. Велкер (соли 1813), И.Х. Фрайхер фон Аретин (с. 1824), Робент фон Мол (соли 1832) истифода бурдаанд. Дар адабиёти ҳуқуқии англисӣ ба ҷои он истилоҳи «ҳукмронии ҳуқуқ» истифода мешавад Ба маънои васеъ давлати ҳуқуқбунёд давлатест, ки дар он ҳуқуқ ҳукмрон асг. Ба таври мушаххасгар давлати ҳуқуқбунёд ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияги ҳокимияти сиёсии омма аст.
Аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд:
- волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ;
- воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои фард;
- таҷзияи ҳокимият;
- волоияти адолати судӣ дар ҷомеа аз ҷумла назорати судии Конститутсионӣ
Мафҳуми давлати ҳуқуқбунёд нахустин бор дар яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарин «Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990 аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зълон гардид. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ғояро ривоҷ дода, кафолатҳои онро муқаррар кард ва бартарии ҳуқуқ дар ҷомеа ва давлат таъкид гардид. Яке аз рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд волоият ва ҳукмронии қонун, дар назди қонун баробар будани ҳама мебошад. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсонн мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро намоянд. Дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, эътироф, риоя ва |ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва \шаҳрванд - вазифаи муқаддаси давлат мебошад. Дигар талаботе, ки Конститутсия (моддаи 9) дар назди давлати ҳуқуқбунёд мегузорад, ин таҷзияи ҳокимиятн давлатӣ, яъне ба ҳокимняти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо намудани ҳокимиятн давлатӣ, ки ба воситаи он ҳар як мақоми номбурда имконият пайдо мекунад, ки мустақилона дар доираи салоҳияти худ амал намояд, ба шумор меравад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 138
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |