Дахлнопазирии вакилони халқ

Дахлнопазирии вакилони халқ - яке аз кафолатҳои муҳими ҳуқуқи вакили халқ буда, онро аз ҳар гуна таҳдиду маҳдудиятҳои беасос ҳифз менамояд. Ҳуқуқи дахлнопазирй, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 51) ва дигар қонунҳо муқаррар шудааст. Вакили халқро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дасггир шуданаш дар ҷои содир намудаи ҷиноят. Вакили халқии Маҷлиси маҳаллии ҳокимияти давлатиро бе розигии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан, ҳабс кардан ва ё ҷазои маъмурӣ ба тариқи судӣ додан мумкин нест.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 149