Девори бузург (филм)
Девори бузург (англ. The Great Wall, чинӣ: 长城) — филми коргардон Чжан Имоу соли 2016 истеҳсоли муштараки ИМА ва Чин. Нахустнамоиши филм дар Чин 15 декабри соли 2016, дар Тоҷикистон 26 январи соли 2017[5] баргузор гардид.
чинӣ: 长城 англ. The Great Wall | |
Жанр | филми экшн, моҷароҷӯӣ, илмӣ-тахаюллӣ[d], филми диром ва фэнтези[d] |
Коргардон | |
Таҳиякунанда | |
Муаллифи филмнома |
|
Наворбардор | |
Оҳангсоз | |
Ширкати синамоӣ | Universal Pictures |
Давомнокӣ | 103 дақиқа |
Буҷет | 150 млн $[1] |
Ҳазина | 329 814 280 $[2] |
Мамлакат | |
Забон | инглисӣ |
Сол | 2016 |
IMDb | ID 2034800 |
Сайти расмӣ(англ.) |
Достон
вироишФилм дар бораи таърих ва ҳодисаҳои «Девори бузурги Чин» дар садаи XV ҳикоятгарӣ мекунад. Ҷосусони махсуси Британияи Кабир ба сӯйи Империяи шимолии Сун ба Хитой ба мақсади харидани хокаи яроқ меоянд. Дар онҷо онон ба тарҳи сохтмонии девори сангину киматбаҳои Чин ошноӣ пайдо мекунанд, ки ин девори бузургро барои ҳифзи марзу буми хеш бар зидди Муғулҳо сохта буданд. Сараввал шоҳигарии Сун қаҳрамонони филмро ғоратгар номида, онҳоро зиндонӣ мекунанд. Вале аз ҳуҷуми ногаҳонии ҷонварони бадҳайбат — тоутӣ ду зиндониро, ки санъати баланди ҷангӣ доштанд ба майдони ҳарбу зарб мебароранд. Филм саросар аз саҳнаҳои ҷолиби синамоӣ ороста шудааст[6].
Дар нақшҳо
вироишАктёр | Нақш |
---|---|
Мэтт Дэймон | Уиллем Гэрин, муздури аврупоӣ, камонвар |
Энди Лау (Лю Дэхуа) | Мушовир Ван, Мушовири низомии Низоми беноми Чин (Империяи Сун) |
Педро Паскал | Перо Тобар, муздури аврупоӣ, шамшерзан |
Уиллем Дефо | сэр Баллард, аврупоӣ, муздури собиқ, боздошшуда дар Девори бузург 25 сол қабл. |
Тсзин Тян | Фармондеҳ Лин Мэй, Фармондеҳи Нерӯҳои қулангӣ |
Чжан Ханюй | Генерал Шао, Артишсолори Низоми беном, Фармондеҳи Нерӯҳои хирсӣ (пиёданизом) |
Эдди Пэн (Пэн Юйян) | Фармондеҳ У, Фармондеҳи Нерӯҳои палангӣ (муҳандисӣ) |
Лу Хан | Пэн Юн, Сарбози Нерӯҳои хирсӣ (пиёданизом) |
Ван Тсзюнкай (Кэрри Ван) | Жэнь-цзун (Чжао Чжэн), Имперотури ҷавон Имперотурии Сун |
Линь Гэнсин (Кэнни Лин) | Фармондеҳ Чэн, Фармондеҳи Нерӯҳои уқобӣ (камонварон) |
Чжэн Кай} (Райан Чжэн) | Вазир Шэн, Мушовири низомии имперотур, нозир |
Чэн Сюэдун (Чени Чэн) | Афсари Горди салтанатӣ |
Хуан Сюан | Фармондеҳ Дэн, Фармондеҳи Нерӯҳои гавазнӣ (аскарони савора) |
Юй Синьтян (Вики Юй) | Сяо Юй, лейтенанти нерӯҳои қулангӣ |
Лю Тсюн | Ли Тсин, лейтенанти нерӯҳои қулангӣ |
Нуман Акар | Ноҷид, муздури муздури араб |
Ҷонни Чикко | Риззетти, муздури аврупоӣ[7] |
Истеҳсол
вироишНаворбардории филм 30 марти соли 2015 дар Синдао[8] оғоз гардид. «Девори бузург» гаронарзиштарин филм шуда, пурра дар Чин ба навор гирифта шудааст.
Буҷет ва ҳазина
вироишФилм дар жанрҳои тахайюлӣ-афсонавӣ, таърихӣ, ҷангӣ-саргузаштӣ ва ҳаётӣ бо маблағи 150 млн доллар наворбардорӣ шудааст. Филм то имрӯз зиёда аз 600 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Бисёр аз ҳаводорони филмро раъяти давлатҳои Амрико, Хитой, Фаронса, Россия ва давлатҳои муштаракулманофеъ дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии филм 104 дақиқаро ташкил мекунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Legendary Confirms Budget Hike and Language for Zhang Yimou’s ‘Great Wall’.
- ↑ box office data
- ↑ http://www.filmaffinity.com/es/film465064.html
- ↑ ČSFD (чеш.) — 2001.
- ↑ Новинки кинопроката Душанбе: Великая Стена (The Great Wall) Бойгонӣ шудааст 8 апрели 2017 сол. // Медиа группа «ASIA-Plus» — 25 январи 2017.
- ↑ Филми «Девори бузурги Чин» дар 3D кинотеатри Кохи Наврӯз дар намоиш аст // ТВ «Ҷаҳоннамо» — 7 феврали 2017.
- ↑ The Great Wall (2016) - Full Cast & Crew - IMDb.
- ↑ Zhang Yimou officially entered the “Great Wall ” crew set up on location in Qingdao. 30 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июли 2017.