Зен (аз ҷопонӣ: ; санскр. ध्यान) — номи ҷопонии мактаби буддоии маҳаяна, ки дар Чин ва Ҷопон дар асрҳои миёна ташаккул ёфта буд.

Буддоия зимни сайри таърихии худ ба чандин фирқаҳо ҷудо шуд. Дар ҷануби Ҳинд ва Сейлон «ҳинаяна» ва дар шимоли Ҳинд, Тибет, Муғулистону Хитой «маҳаяна» ҷорӣ шуданд. Дар Ҷопон зен-буддогароӣ аз садаи VII амал мекард, вале интишори он ҳамчун равияи мустақили буддоияи ҷопонӣ охири садаи XII шурӯъ шуд. Нахустин тарғиботчии зенроҳиби буддоӣ бо номи Эйсай буд, ки баъди иқомат дар Хитой, дар Ҷопон мактаби ринзайро таъсис дод. Дар нимаи аввали садаи XIII Доген, ки ӯ ҳам дар Хитой таълим гирифта буд, мактаби Соторо таъсис намуд. Ринзай ва Сото мактабҳои нисбатан бонуфузи дзен- буддогароӣ буда, то ба имрӯз низ фаъолият доранд. Оид ба тамоюли иҷтимоии онҳо дар асрҳои миёна аз рӯйи мақоли дар ҳамон вақт маъмули «Ринзай барои самурайҳост ва Сото барои одамони одӣ» муҳокима рондан мумкин аст.

Дар даврони Муромачи (асрҳои 14-16), ҳангоми ки дайрҳои зенӣ ба маркази ҳаёти динӣ, сиёсӣ ва маданӣ табдил ёфта, ҷараёни дунявӣ ва демократӣ гардидани зен-буддогароӣ ба амал омад, зен ба авҷи инкишофаш расид. Дар натиҷа он ба як навъ «фалсафаи ҳаёт» табдил ёфта, ба тафаккур, тарзи ҳаёт ва фаъолияти ҷопониҳо дар асрҳои миёна таъсири амиқ расонд.

Муҳаққиқон унсурҳои ирфонии таълимоти зен-буддогароӣро бо таълимоти тасаввуф муқоиса намуда, оид ба монандии баъзе ҷиҳату ақоиди ин ду ҷараёни ирфонӣ изҳори андеша намудаанд. Дар ин кор муҳаққиқи ҷопонӣ Тошихико Изотсу саҳми арзанда гузоштааст. Дар садаи XX таълимоти динию фалсафии зен ба туфайли фаъолияти тарғиботии намояндаи мактаби Ринзай Д. Т. Сузуки (1870—1866) дар мамлакатҳои Ғарб низ шуҳрат пайдо кард.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш