Дилкаш, дилнишин, дилрабо, дилпазир, дилбар, дилҷӯ, дилчасп, дилписанд, форам, рӯҳафзо, баҳркушо, фаттон, пурҷозиба, дилситон муродиф (синоним) буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик (ба ғайр аз калимаи фаттон) ба андозаи қариб баробар истеъмол мешаванд. Калимаи фаттон камистеъмол буда, баъзан дар назм дучор мешавад.Калимаҳои алоҳидаи ин силсилаи муродифӣ баъзан тобишҳои маъноӣ ва услубӣ зоҳир намуда, аз ҷиҳати маъно аз муродифҳои худ дур мераванд.Калимаҳои дилнишин, рӯҳафзо, баҳркушо бештар нисбат ба маҳал ва маконе гуфта мешаванд: ҷойи дилнишин (рӯҳафзо, баҳркушо). Калимаҳои дилбар, пурҷозиба, фаттон нисбат ба шахс ва сифати ӯ ба кор бурда мешаванд: чашмони пурҷозиба (дилбар, фаттон).Калимаи дилписанд ҳам нисбат ба шахс ва амалиёти ӯ ва ҳам нисбат ба маҳал ба кор бурда мешавад:гуфтор ва рафтори дилписанд. Калимаи дилкаш нисбат ба хӯрок ва калимаи дилчасп нисбат амалиёт ва коре истифода бурда мешавад. Калимаи дилситон нисбат ба шахс ба кор бурда мешавад ва махсуси забони адабии китобатист.

МисолҳоВироиш

  • Дар ин вақт қомати дилҷӯи Гулрӯ дар пеши чашми ӯ намудор гардид (Раҳим Ҷалил).
  • Вай дар болои сари аспсавор гӯё дар як нуқта истода бо овози форам ва баҳркушои худ нағмасароиро сар кард (Раҳим Ҷалил).
  • Табиӣ, Гулбибиро ҳам хоб намебурд, бо шунидани овози рӯҳафзои Одина айёми фироқи гузаштаро талофӣ мекард (Садриддин Айнӣ).

МанбаъВироиш

  • Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ.- Душанбе:Маориф,1993.- с.68