Дирафши Ковиёнӣ
(Тағйири масир аз Дирафши Ковиён)
Дирафши Ковиёнӣ (форсӣ: درفش کاویانی) — дирафши торихии Эрон аз аҳди қадим то поёни Давлати Сосониён буд, ки ба гуфтаи муаррихини исломӣ ҳазори ҳазори сиккаи тило арзиш доштааст. Ин дирафш пас аз ҳамлаи аъроб ба Эрон ба дасти онҳо афтод ва аз байн рафт. Ишора ба Дирафши ковиёнӣ дар асотири Эрон, ба қиёми (исёни) Коваи охангар алайҳи зулм ва ситами Заҳҳок мутаалиқ аст.[1]
Рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.