Хаёлбек Додихудоев

(Тағйири масир аз Додихудоев Хаёлбек)

Хаёлбек Додихудоев — доктори илми фалсафа (1990), профессор (1990). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).[1]

Хаёлбек Додихудоев
Таърихи таваллуд: 1936
Фазои илмӣ: олим

ЗиндагиномаВироиш

Хаёлбек Додихудоев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1960), ихтисос – «фалсафа». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ. Мудири кафедраи фалсафаи ) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1974-1992). Директор – ташкилотчӣ (1991-1996), и.в. директори (1996-2000) Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҶТ, ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоеви Хоруғ (1995-1998). Мудири шӯъбаи онтология ва гносеология (2001-2009), сарходими илмии (2009 - то имрӯз) Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови (ҳоло – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов) Академияи илмҳои ҶТ.

ҶоизаҳоВироиш

Бо ордени «Дӯстӣ», медали «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст. Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

МанобеъВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.