Дона Гулмирзоев (16.7.1947, ноҳияи Совет — 3.9.2009, Душанбе) — иқтисоддон, дарёи и. иқтисодиёт (2003), профессор (2006), академики Академияи байналмилалии макотиби олӣ (2003).

Дона Гулмирзоев

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи УДТ (1969). Ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва савдо (1969-75), ассистенти кафедраи назарияи иқтисод (1975-82), муаллими калон (1982-84) ва дотсент (1984-94)-и ҳамин донишгоҳ. Солҳои 1994-96 ректори филиали тоҷикистонии Донишгоҳи озоди Русия, 1996—2005 ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 40 асари илмист, ки ба мавзӯи назарияи андоз ва андозбандӣ, қонунмандиҳои муайян кардани принсипи нарх, менеҷменти молиявӣ бахшида шудаанд.

Осор вироиш

  • Законы, регулирующие принцип цены. Д., 2002;
  • Назарияи андоз ва андозбандӣ. Д., 2004;
  • Менеҷменти молиявӣ (ҳаммуалиф). Д., 2005;
  • О двух типах экономических законов. Д., 2006;
  • Теория предложения и спроса. Д., 2007.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Гулмирзоев Дона / Г. Гулмирзоева, М. Маҳмудов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.