Донишкадаи исломии Тоҷикистон (номи расмӣ: Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам») — муассисаи олии омузиши улуми исломӣ дар Тоҷикистон.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа

(Донишкадаи исломӣ -
ДИТ
)
Номи байналмилалӣ Islamic Institute of Tajikistan named after Imam Azam - Abukhanifa
Шиор Зи гаҳвора то гӯр, дониш биҷӯй!
Соли таъсисёбӣ 2007
Навъ муассисаи давлатии таълимӣ
Ректор Зокирзода Нусратулло Мелик
Донишҷӯён 800
Мутахассис ходимони дини ислом
Мавқеъ  Тоҷикистон: Душанбе, "хиёбони Рӯдакӣ"
Нишонии ҳуқуқӣ н.И.Сомонӣ, к.Шодмонӣ 58/1
Сайт dit.tj

Таърих вироиш

Мадрасаи исломии ба номи Имом Тирмизӣ соли 1997, баъди аз байн бурдани собиқ Идораи Муфтиёт бо қарори Анҷумани мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофақа бо Кумитаи оид ба корҳи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 218 аз 05.06.1997-ум ба қайд гирифта шуд.

Донишкада бо кумаки мутахассисин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шўъбаи масоили фалсафии дини Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи Ал-Азҳар, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ барномаҳои таълимии худро такмил дод.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо Қарори № 547 дар таърихи 2 ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст. Донишкада аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди донишгоҳҳои исломӣ мебошад.

Бо мақсади бузургдошти 1310-солагии Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва саҳми гаронбаҳои ӯ дар рушди фарҳанг, тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динию ҳуқуқии ӯ дар худшиносии миллӣ ва муколамаи тамаддунҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 629 аз 3 марти соли 2009 Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» номгузорӣ карда шуд[1].

Донишкада дар ҳудуди Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.

Тарзи гузаронидани имтиҳоноти ниҳои бо таъсис додани комиссияи имтиҳоноти ниҳои аз намояндагони зерин: Кумитаи дин, Академияи улуми ҷумҳурӣ, Маркази исломӣ ва устодони ДИТ ба роҳ монда мешавад.

Сохтор вироиш

Факултетҳо вироиш

  • Улуми исломӣ
  • Филологияи шарқ

Кафедраҳо вироиш

  • Улуми Қуръон ва ҳадис
  • Шариати исломӣ
  • Забон ва адабиёти араб
  • Таърих ва диншиносӣ
  • Илмҳои ҷамъиятшиносӣ
  • Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ
  • Забонҳо
  • Педагогика ва мероси ниёгон

Таълим вироиш

Таълим дар Донишкада дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа ҷараён мегирад. Профессорон ва устодон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи Ал-Азҳар ба тадрис машғуланд.

Аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба монанди Саидмукаррам Абдулқодирзода, (раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон) солҳои 2005—2008 дар вазифаи ноиби ректор оид ба таълим ва тарбияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Эшони Аллома (узви Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон) солҳои 1997—2002 яке аз мударрисони донишкада буд.

Пойгоҳи илмӣ вироиш

Донишгоҳ дорои китобхона, 2-толори мутолиъаи китобҳо, маркази омӯзиши компютерӣ бо пайваст ба шабакаи интернет, кабинетҳои махсуси омӯзиши забонҳои арабӣ, англисӣ ва маркази танзими оила мебошад. Айни замон дар донишгоҳи мазкур 815 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки 74 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд. Бо кумаки бонки исломии «Рушд» бинои қисми занона ва хобгоҳ барои 60 нафар донишҷӯ пурра аз тармим баромада, бо маводди хониш муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

  • dit.tj — вебгоҳи расмии Донишкадаи исломии Тоҷикистон
  • islamtaj@mail.ru - почтаи электронии Донишкадаи исломии Тоҷикистон