Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Соли таъсисёбӣ 29 июн 1991
Сайт dsx.tj
Дарвозаи Донишкада

Таърихи таъсис вироиш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нахуст мувофиқи Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1991 таҳти №212 (банди 1) ба сифати Коллеҷи технологӣ-маишӣ дар асоси ҳисоби хоҷагӣ чун таълимгоҳи олии бисёрсоҳа, дар асоси фармони собиқ консерни «Хидмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1991, зери №15 таъсис дода шуда, сипас, мутобиқи Қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 29 июли соли 1991, зери №530 ва бо Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1991, таҳти №266 дар заминаи он Донишкадаи хидмати маишии консерни «Хидмат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимии дараҷаи якум, ки аз ҳисоби васоити шартномавӣ маблағгузорӣ карда мешавад, таъсис дода шудааст.

Муассисаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1995, зери рақами №192 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хидматрасонии Тоҷикистон табдил дода шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2020 номи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат иваз карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат" мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" номгузорӣ карда шуд[1].

Пойгоҳи таълиму тарбия вироиш

Донишкада дар давоми фаъолияти хеш аз рӯи худмаблағгузории дохилӣ нашъунамо ёфта пойгоҳи таълимӣ ва биноҳои хидматрасонию хоҷагидории хешро бунёд намудааст. Сентябри соли 1991 аз як бинои таълимӣ фаъолиятро оғоз намуда айни ҳол донишкада дорои чор бинои таълимӣ бо 72 синфхона ва 2246 ҷойи нишаст мебошад. Дар хидмати донишҷӯён ва устодони донишкада 250 компютери пайваст ба шабакаи Интернет қарор дорад. Умуман дар донишкада беш аз 300 копютер ва 10 ноутбук дар таълиму тарбия мавриди истифода қарор дорад. Аз 80 синфхона, 7-тоаш синфҳонаҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ, 21 кабинети фаннӣ ва як тоаш лабораторияи фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Инчунин, дар хидмати донишҷӯён китобхонаи электронӣ бо ду қироъатхонаи дорои 100 ҷойи нишаст, ду майдони варзиши ва толори варзиш, ошхона, ду қаҳвахона, мағозаи китобфурӯшӣ, бунгоҳи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, Маркази информатсионӣ - комуникатсионӣ, Маркази сайёхӣ ва меҳмоннавозӣ ва хобгоҳи ҳозиразамон муҳаё карда шудааст.

Дар Маркази информатсионӣ - комуникатсионӣ нашриёт ва матбаа фаъолият менамоянд, ки дар он китобу дастури таълимии устодон, рӯзномаи «Соҳибкор», маҷаллаи илмии «Паём» ва ғайра нашр мешаванд. Мохи марти соли 2008 сомонаи (веб-сайти) донишкада дар шабакаи глобалии ИНТЕРНЕТ зери унвони www.dsx.tj ворид гардид. Дар он иттилооти гуногун дар бораи ҳаёти донишкада ба забони русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ тадриҷан дохил карда мешавад.

Аз таърихи донишкада вироиш

Дар ибтидои фаъолият, соли таҳсили 1991-1992 дар донишкада 3 кафедра амал мекард, ки дар онҳо 2 доктори илм ва 19 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар занҳо ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз онҳо танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Он соли таҳсил дар донишкада аз рӯи 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, технологияи матоъ ва кешбофӣ) 88 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамуданд. Дар соли аввали фаъолият донишкада дорои як бинои таълимӣ бо 17 синфхонаҳо буда, фонди умумии китобхонаи илмии он 1012 нусха китобро дарбар мегирифт.

Ҳоло донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998 инҷониб), 4 факултет, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки технологӣ мебошад.[2]

Ҳайати профессорону омӯзгорон вироиш

Дар 4 факулта, ҳайати илмӣ педагогӣ иборат аз 207 нафар мебошад, ки аз онҳо ҳудуди 70 нафарашон докторон ва номзадони илм мебошанд. Боиси хурсандист, ки 40 нафари онҳо хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.

Тайёр намудани мутахассисон вироиш

Соли 2006 донишкада Иҷозатнома (Литсензия )–и Вазорати Маорифи Ҷумхурии Тоҷикистонро (АУ №0000303 аз 26.10.2006) барои фаъолияти аспирантура, аз рўи ихтисосҳои 08.00.01 – назарияи иқтисод, 08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии халқ, 08.00.13 – усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ, 05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси программаҳо муттахассисони илмӣ – педагогӣ тайёр менамуд. Бо қарори ВАК-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 19 марти соли 2010, дар донишкада Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи 2 ихтисос: 08.00.05 – «иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» ва 08.00.13 – «усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ», кушода шуда буд.

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун:

Донишкадаи такягоҳии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (УШОС) аз рўи самти технологияҳои иттилоотӣ; узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ; шарики барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ; узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо – TARENA ва ғ мебошад.[2]

Ректорони Донишкада вироиш

  • Номзади илмҳои иқтисодӣ, Ҳабибулло Умаров — 1991-2006
  • Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокир Вазиров — 2006-2008
  • Доктори илмҳои физика ва математика, профессор Файзали Комилов — 2008-2012
  • Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Диловар Қодиров — 2012-2019
  • Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фозил Саидович Обидов — 2019
  • Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Убайдулло Саттор Асрорзода

Факултаҳои донишкада вироиш

Дар сохтори донишкада 4 факулта фаъолият доранд:

  1. Факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ
  2. Факултети баҳисобгирӣ-иқтисодӣ
  3. Факултети молия ва қарз
  4. Факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ

То соли 2012 донишкада зиёда аз 5000 нафар мутахассисони маълумоти олидорро тайёр намудааст. Соли 2010 ба факултаҳои донишкада 18 кафедра вобаста шуда буд, ки 12-тоаш кафедраҳои тахассусӣ буданд. Соли таҳсили 2010-2011 аз 180 нафар устодони донишкада (170 нафар кормандони доимӣ), 11 нафар доктори илм ва 67 нафар номзади илм мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бештар аз 40 нафари онҳо хатмкардагони донишкада буданд.[3][4]

Ҳоло, ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷўёни донишкада аз рўи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 41 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рўи ихтисос (PhD) дар 8 ихтисос таълим мегиранд.

Эзоҳ вироиш

  1. IUTET-Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. dsx.tj. 3 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2022.
  2. 2.0 2.1 Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидмат(тоҷ.). http://dsx.tj. 29 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2021.
  3. Сомонаи ДСХ. 16 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 апрели 2017.
  4. Зодаи истиқлол (Маълумотнома дар бораи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат) - Душанбе, 2011. – 58 с.

Пайвандҳо вироиш