Дониш, Мулло Ҳусайн Махдуми Бухороӣ

Мулло Ҳусайн Махдуми Бухороӣ, мутахаллис ба Дониш (қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Дониш, Мулло Ҳусайн Махдуми Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намуда, ба шеъру шоирӣ майлу рағбат дошт. Пас аз хатми таҳсил чун донишманд ва шоири бомаҳорат шуҳрат ёфт. Дар даргоҳи қозикалон Садри Зиё хидмат мекард. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз як қасидаи ороста бо санъатҳои адабии ӯ, ки дар он аз ҳарфҳои нуқтадор ва бенуқта истифода шуда буд ва моддаи таърих — соли ба тахт нишастани амир Насруллоҳ ҳосил мегардид, иттилоъ додааст. Бо забони сода дар мавзӯъҳои ишқ, панду насиҳат, баъзе беадолатиҳо дар ҷомеаи давраш дар навъҳои гуногуни адабӣ — ғазал қасида, қитъа шеър менавишт.

Намунаҳо аз шеърҳои Дониш:

Ба арзи бехирадон ҷавҳари калом мабар,
Ба сангу хишт дами теғи обдор марез.

Ҳарчанд тавон зи чарху анҷум гуфтан,
Сад нусха зи таъхиру тақаддум гуфтан,
Чун бар сари инсоф равӣ, душвор аст
Як ҳарф ба қадри фаҳми мардум гуфтан.

Ба чашми дӯстон хорам, на ҷуз таҳсили ғам корам,
Намуда ашк хунборам, ки ғалтон бар замин оям.
Далели ҷавҳари фардам, надими меҳнату дардам,
Нишони орази зардам, аз ин бишнос пайдоям...

Адабиёт

вироиш