Ефим Давидович Бляхер (тав. 27. 03. 1931, ш. Гомели ҶШС Белорусия — маълум нест) — файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1970), дотсент (1973).

Ефим Бляхер
Ефим Давидович Бляхер
Таърихи таваллуд 27 март 1931(1931-03-27) (93 сол)
Зодгоҳ Гомель , ҶШС Белорусия, ИҶШС
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Соли 1954 шуъбаи забон ва адабиёти факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ро хатм кардааст. Солҳои 1954–1958 муаллими мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Шаҳринав, 1958–1964 муаллими омӯзишгоҳи рассомии Душанбе буд. Солҳои 1958–1962 дар шӯбаи ғоибонаи Донишкадаи фарҳангшиносии ш. Ленинград, 1964–1967 дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил намудааст. Солҳои 1967–1976 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Аз соли 1976 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба кор гузашт ва фаъолияти омӯзгориашро ҳамчун муаллими ҳамкор дар донишкадаи омӯзгорӣ давом дод.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи зиёда аз 20 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи маорифи ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Пайвандҳо вироиш