Журналистикаи радио

Журналистикаи радио – 1) навъи фаъолияти журналистие, ки асосаш маҳорати гузоришгарӣ (репортёрӣ) ва истифодаи моҳиронаи воситаҳои техникии радиошунавонӣ аст; 2) маҷмӯи барномаҳои радиоӣ, натиҷаи фаъолияти журналистони радио. Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи журналистикаи радиоӣ аз навъҳои дигари эҷоди журналистӣ чунин аст: сатҳи нисбатан баланди фаврият, хислати махсуси таъсири эҳсосӣ ба аудитория, рангорангии сохтории ҳалли композитсионии маводи журналистӣ, усулҳои махсуси ҷалби аудитория, формат ва амсоли ин. [1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 84. ISBN-978-999-47-43-37-7