Забони бошқирдӣ (башҡорт теле  [bɑʂ.ˌqʊ̞rt.tɪ̞ˈlɪ̞]) — забони туркӣ, забони миллии бошқирдҳо. Забони бошқирдӣ забони давлатии Ҷумҳурии Бошқирдистон аст[5]. Забони бошқирдӣ, ҳамчун забони давлатӣ (баробари забони русӣ) аввалин маротиба ба воситаи маҷмӯи қоидаҳои Кумитаи Шуравии Бошқирдистон аз 24 марти соли 1920 муаян шуда буд[6]. Дарҳол, ҳамин маҷмӯи қоидаҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Бошқирдистон сабт шудааст[7].

Башҡорт теле
Номи қавмӣ бошқ. Башҡорт теле
бошқ. башҡортса‎
бошқ. Башҡурд теле
Кишварҳо
Созмони танзимкунанда The Institute of History, Language and Literature of the Ufa Science Center of the Russian Academy of Sciences[d]
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ 2 vulnerable[d]
Таснифот
забонҳои ностратикӣ[d]
забонҳои олтоӣ
забонҳои туркӣ
забонҳои туркии ом[d]
Kipchak[d]
Kipchak–Bulgar[d]
забони бошқирдӣ
Хат алифбои сирилик, Yañalif[d] ва скрипти арабӣ[d]
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 баш 086
ISO 639-1 ba
ISO 639-2 bak
ISO 639-3 bak
WALS bsk
Atlas of the World’s Languages in Danger 334
Ethnologue bak
Linguasphere 44-AAB-bg
ABS ASCL 4399
IETF ba
Glottolog bash1264
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Дар ҷаҳон зиёда аз 1,2 млн нафар одам бо забони бошқирдӣ суханронӣ мекунанд. Аз рӯи додаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ (2010), дар Русия забони бошқирдиро 1 152 404 одам медонад, аз онҳо: 977 484 бошқир, 131 950 тотор, 20 258 русҳо, 6 276 чувашҳо, 3 211 марийҳо, 1 953 қазоқҳо, 1 630 удмуртҳо, 1 279 ӯзбакҳо ва 8 363 нафар дигар миллат[8].

Хат вироиш

Мақолаи асосӣ: Хати бошқирдӣ

Қабилаҳои бошқирҳо, дар қадимулайём хати бостонии туркиро истифода мебурданд. Пас аз қабул кардани дини ислом, ки асри X оғоз ёфт ва дар давоми чандин садсолаҳо, бошқирҳо хати арабиро пеш гирифтанд. Дар асоси ин хат, хати забони адабӣ-туркӣ, ва варианти маҳаллии забони тотории бостонӣ таъсис ёфт, ки бо ин забон аз асри XIII то аввали асри XX, адибон, осорҳои адабӣ эҷод мекарданд[9][10][11].

Аз байни асри XIX сар карда, таъсиси хати миллии бошқирдӣ оғоз мегирад, ки фаъолияти ӯ ба солҳои 1917—1923 рост меояд. Дар соли 1923 дар асоси хати арабӣ, алифбо тасдиқ мешавад. Соли 1929 алифбои бошқирдӣ ҳуруфи лотиниро (яналиф) қабул мекунад. Соли 1940, алифбо дар асоси ҳуруфи кирилликӣ ба роҳ монда шуд. Алифбои муосири забони бошқирдӣ аз 42 ҳарф иборат аст. Ба ғайр аз 33 ҳарф, ки бо забони русӣ умумӣ аст, боз 9 ҳарф барои ишораи садоҳои хоси забони бошқирдӣ, қабул шудааст.

Алифбои бошқирдӣ вироиш

А а Б б В в Г г Ғ ғ Д д Ҙ ҙ Е е
Ё ё Ж ж З з И и Й й К к Ҡ ҡ Л л
М м Н н Ң ң О о Ө ө П п Р р С с
Ҫ ҫ Т т У у Ү ү Ф ф Х х Һ һ Ц ц
Ч ч Ш ш Щ щ Ъ ъ Ы ы Ь ь Э э Ә ә
Ю ю Я я

Алифбо дар асоси ҳуруфи кирилликӣ бо 9 рамзи иловагӣ ва садоҳои мувофиқи хос таъсис ёфтааст.

Шеваҳои забони бошқирдӣ вироиш

 
Мавқеи ҷойгиршавии забони бошқирдӣ дар ҳудуди империя Русия, аз рӯи додаҳои барӯйхатгирии соли 1897.

Шеваи шарқӣ (кӯҳистонӣ, куваканӣ) вироиш

гуфтор: айӣ, аргаяшӣ, салютӣ, миассӣ, кизилӣ

Шеваи шарқии забони бошқирдӣ, дар ноҳияҳои шимолу-шарқӣ ва қисман дар ҷанубу-шарқии Ҷумҳурии Бошқирдистон, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Челябинск ва вилояти Курган паҳн шудааст. Бо матонати хоси лексикӣ ва фонетикӣ фарқ мекунад; гуфторҳои алоҳида (аргаяшӣ, салютӣ) муддати тӯлонӣ, аз дигар шеваҳо ва гуфторҳои забон, ҷудо инкишоф ёфта истодааст.

Шеваи шарқӣ, сифати ҳолати бостонии забонро нишон медиҳад, мисол, рудиментҳо (доир ба урфу одат) ротасизми туркии бостонӣ (нодуруст талаффуз кардани ҳарфи «р»), артефактҳои феълҳои тасриф: аргаяш. бараты[12] «ӯ рафта истодааст», адабии миёна. бара; васеъ истифода бурдани континуатив бо калимаҳои ёрирасон барыу, тороу, ултырыу, ятыу: миасс. китеп утырам «ман рафта истодаам» (континуативи замони ҳозир.), йоҡтап ята «ӯ хуфта истодааст»; императив (сиғаи амр, феъли фармоиш) шумораи ҷамъ ба : салют. барың «равед» ва ҳоказо.

Шеваи шимолу-ғарбӣ (ғарбӣ) вироиш

гуфторҳо: Гуфтори гайнӣ, белӣ-поён, қароиделӣ, танипӣ, уралӣ-миёнагӣ

Шеваи шимолу-ғарбӣ, дар ноҳияҳои шимолу-ғарби Ҷумҳурии Бошқирдистон, ноҳияҳои алоҳидаи Тоторстон, Перм ва Удмуртия паҳн шудааст[13][14][15].

Эзоҳ вироиш

  1. ScriptSource - Russian Federation
  2. ScriptSource - Ukraine
  3. ScriptSource - Kazakhstan
  4. Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 2022. — ISSN 1946-9675
  5. Закон Республики Башкортостан «О языках народов Республики Башкортостан», 1999
  6. . — Гилем. — Уфа, 2010. — Ҷ. V. — С. 342. — ISBN 978-5-7501-1199-2.
  7. Конституция Республики Башкортостан. ч.4 статья 1. 12 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Декабри 2012.
  8. Владение языками населением наиболее многочисленных национальностей. 12 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июни 2020.
  9. Галяутдинов И. Г. Тюрки урало-поволжья.// Статья в Башкирской энциклопедии.(пайванди дастнорас)
  10. Статья «башкирская письменность» в статье Башкирской энциклопедии(пайванди дастнорас)
  11. Халикова Р. Х. . — Башкирская энциклопедия. — Уфа, 1996. — С. 579. — ISBN 5-88185-001-7.
  12. Максютова Н. Х. Башкирские говоры, находящиеся в иноязычном окружении. Уфа, 1996.
  13. Государственные и титульные языки России: Словарь-справочник. — М.: Academia, 2002, С.66.
  14. Диалект северо-западный // Башкирская энциклопедия. В 7 т. Т.2. В-Ж. — Уфа, 2006, С.474—475.
  15. Статья «Язык» на официальном сайте празднования добровольного вхождения Башкирии в состав России. 12 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 сентябри 2009.

Сарчашма вироиш

 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Забони бошқирдӣ» аст
 
Логотипи «Викилуғат»
Рӯйхати калимаҳои Викилуғат Забони бошқирдӣ дар гурӯҳи «Забони бошқирдӣ»
 
Логотипи «Википедиа»

«Википедиа» дорои фаслест
ба Забони бошқирдӣ забони
«Баш бит»