Забони ишкошимӣ
Забони ишкошимӣ (забони ринӣ; ба ишкошимӣ — Škošmi zəvuk) — забони эронии шарқӣ (забонҳои бадахшонӣ) буда, дар деҳаҳои Ран (Рəн) ва Сумҷини ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва низ ба унвони забони сангличӣ (Санглич) ва зебокӣ (Зебок) дар Бадахшони Афғонистон мустаъмал аст. Дар байни гӯишҳои ишқошимӣ сагличӣ ва зебокӣ тафовутҳои фонетикӣ ва луғавӣ ба назар мерасад (ниг. [Пахалина 1959; 1987, с. 474-536]). Баъзе муҳаққиқон сангличиро ба унвони забони алоҳида низ баррасӣ кардаанд [Юсуфбеков 1999]. Теъдоди гӯишварони забони ишқошимӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар аст.[4]
Кишварҳо | |
---|---|
Шумораи умумии гӯишварон |
|
Вазъ | 4 severely endangered[d] |
Таснифот | |
Коди забонӣ | |
ISO 639-1 | — |
ISO 639-2 | — |
ISO 639-3 | isk |
WALS | ish |
Atlas of the World’s Languages in Danger | 1437 |
Ethnologue | isk |
ELCat | 5855 |
IETF | isk |
Glottolog | ishk1244 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
Забони ишкошимӣ (ранӣ) (rьni zьvůk) дар баробари забонҳои санглечӣ ва зебокӣ мансуб ба забонҳои гурӯҳи ишкошимӣ мебошад, ки дар ҳудуди деҳаи Ран ва қисман деҳаи Сумҷини ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон ба кор меравад. То ибтидои асри ХХ ин забон дар дараи Абхарви ноҳияи мазкур мустаъмал будааст ва пас аз муҳоҷирати сокинони он ба ҳудуди деҳоти номбурда ин дара акнун дигар маҳали ғайримаскунӣ аст. Ин забон аз доираи хонавода ва деҳа берун истеъмол намешавад, бинобар ин ба сабаби маҳсули хонаводаи патриархалӣ будани он, ки модарони он хонаводаҳо маъмулан намояндагони забонҳои дигаранд, онро «забони падарӣ» (tot zьvůk) номидаанд.
Гурӯҳи забонҳои ишкошимӣ навъҳои гуфтории ишкошимӣ (ранӣ), зебокӣ ва сангличиро муттаҳид кардааст, ки ба ҳам аз лиҳози сохтори савтӣ, луғавӣ ва грамматикӣ ба ҳам хеле наздиканд ва тафовути диалектологии онҳо аз доираи лаҳҷа берун нарафтааст. Осори фолклорӣ, ки ба забони ишкошимӣ эҷод шудааст, то ҳадде гирдоварӣ ва чоп шудааст. Аз ашъори шоирони ишкошимии даврони пешин ҳанӯз ҳеҷ намунае дастрас нагардидааст, аммо намунаҳои ашъори шоирони даврони шӯравӣ мисли Нафасбек Раҳмонов ва Одина Назарзода, ки ҳам ба забони модарии худ ва ҳам ба тоҷикӣ шеър гуфтаанд, чоп шудаанд[5].
Адабиёт
вироиш- Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
- Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
- Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
- Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
- Muller K., Tiessen. A Father’s language // Studies in languages of Tajikistan. Grand Rapids, MI, USA, 2005, c. 223-250.
- Grierson G.A. Linguistic survey of India, vol. X. – Calkutta, 1921.
- Т.Н. Пахалина. Ишкашимский язык. – М., 1959. (ниг. с. 88-175).
- Вопросы памирской филологии 3. Составители и редакторы Д. Карамшоев, Н. Шакармамадов. – Душанбе, 1985, с 262-263;
- Назарзода О. Диёри лаълбор. – Душанбе, 2007, с. 90-105.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.unesco.org/languages-atlas/en/atlasmap/language-id-1437.html
- ↑ ScriptSource - Tajikistan
- ↑ ScriptSource - Afghanistan
- ↑ kumitaizabon.tj/забоншиносӣ(пайванди дастнорас)
- ↑ Забони ишкошимӣ | The Committee of Language and Terminology by the Government of the Republic of Tajikistan. www.kumitaizabon.tj. 9 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2023.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |