Заминдовар, Замини Довар (форсӣ: زمین‌داور‎) — минтақаи таърихии Сиистон, дар ҷануби кӯҳистони Ғур ва дар марзи шимолии вилояти Ҳилманди Афғонистон.

Заминдовар
Кишвар

Водии паҳновари Заминдовар аз ҷануби қаторкӯҳи Ҳиндукуш, болооби д. Ҳилманд то минтақаи Бӯст тӯл кашида, заминҳои кишту боғҳои зиёд дошт. Маҳсулоти асосии содиротии Заминдовар заъфарон буд. Дар осори ҷуғрофиёнависони мусулмон бо номи «Арзи Довар», «Билоди Довар», «Сарзамини Довар» низ ёд мешавад, ки чор шаҳри калон — Дарталл (Тал), Дарғаш, Бағнин (Бағшин) ва Шарвон (Сарвон) дошт. Заминдовар дар аҳди хилофати Умавиён ва Аббосиён ҷузъи қаламрави Сиистон буда, баъдан ба ҳайати давлати Саффориён (аз 865), Сомониён (аз 911) ва Ғазнавиён дохил шуд. Заминдовар дар аҳди ҳукмронии Ғиёсуддин Муҳамммад Соми Ғурӣ ба яке аз пойтахтҳои зимистонии Ғуриён табдил ёфта, дар он ҷо боғе бо номи Ирам бунёд карда шуд. Дар паҳлуи боғи Ирам майдони шикоргоҳи султон қарор дошт. Баъди ташкил ёфтани давлати Дуррониҳо (1747) Заминдовар ба вилояти Қандаҳор тобеъ гардид. Ҳоло деҳаи хурде бо номи Заминдовар дар 5 км-ии вулусволии Мусоқалъаи вилояти Ҳилманди Афғонистон вуҷуд дорад.

Адабиёт

вироиш