Замон Шокирзода

Замон Шокирзода (7 июли 1941, деҳаи Оббурдони ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод) — нависанда[1] ва тарҷумони тоҷик.

Замон Шокирзода

ЗиндагиномаВироиш

Замон Шокирзода 7 июли соли 1941 дар водии Зарафшон, дар деҳаи Оббурдони Куҳистони Масчо, ба дунё омадааст.

Ҳануз дар курси панҷуми бахши шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил карданаш ба ҳайси тарҷумон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сохтмони системаи обёрикунии Канали Нанграҳор фиристода шуд. Баъдан соли 1969 дар заводи неруҳои азотӣ ва истгоҳи барқӣ ҳароратии Мазори Шариф ва солҳои 1982—1984 дар системаи обёрикунии канал ва истгоҳи барқии Дорунтаи водии Нанграҳор ба ҳайси тарҷумон фаъолият намуд.

Солҳои 1967—1969 мухбири радиои Тоҷикистон дар сохтмони истгоҳи барқии обии Норак ва заводи электрохимиявии Ёвон буд. Солҳои 1970—1977 ҷонишини раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Ленин (он замон), баъдан ба ҳайси дастурдеҳи кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Мастчоҳ, ҷонишини раис ва раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Ленини ноҳияи Масчо фаъолият намуд. Чандин сол сармуҳаррири нашрияи ноҳиявии «Паёми дӯст» буд.

ЭзоҳВироиш

  1. Аз 03-юм то 09 июли соли 2017. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 24 январи 2020 санҷида шуд.