Зикриё Бобохоҷаев (Бобохоҷаев Зикриё Муртазоевич; тав. 1 январи 1933, Хуҷанд) — терапевт, доктори илмҳои тиб (1988), профессор (1989), Аълочии ҳифзи тандурустии ИҶШС (1983), Корманди шоистаи ҶТ (1999).

Зикриё Бобохоҷаев
Бобохоҷаев Зикриё Муртазоевич
Таърихи таваллуд 1 январ 1933(1933-01-01) (91 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1960)
Ҷоизаҳо Аълочии ҳифзи тандурустии ИҶШС (1983)
Корманди шоистаи ҶТ (1999)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1960). Сардухтури беморхонаи минтақавии хоҷагии боғу токдорӣ (1960) ва сардухтури беморхонаи Чептураи ноҳияи Шаҳринав (1960—1963). Сардухтури беморхонаи роҳи оҳани Осиёимиёнагии Вазорати роҳи оҳани ИҶШС дар шаҳри Душанбе (1963—1966). Ординатори клиникӣ ва аспиранти Институти таҳқиқоти илмии гастроэнтерологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1966—1971). Ассистенти кафедраи муолиҷаи госпиталии № 1 ИИнститути давлатии тиббии Тоҷикистон (1971—1978), докторанти Институти таҳқиқоти илмии марказии гематологияи Вазорати тандурустии АИТ ИҶШС (1979—1980). Мудир (аз 1981) ва дотсенти (1983—1994) кафедраи бемориҳои дарунии факултети такмили ихтисоси духтурони ДДТТ. Асосгузор ва мудири кафедраи муолиҷаи факултативии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б. Ғ. Ғафуров (1994—1997). Мудири кафедраи муолиҷаи факултативии ДДТТ (1997—2003), мудири кафедраи муолиҷавии шуъбаи Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз 2004).

Дастоварҳои илмӣ вироиш

Бори аввал дар ҷумҳурӣ бо истифода аз радионуклидҳои Au198, J131 ва йодгиппуран131 дар Лаб. нави маҷорӣ (венгерӣ) усулҳои замонавии таҳқиқи фаъолияти ҷигар, меъдаю рӯда ва гурдаи беморонро ба роҳ мондааст. Таҳти роҳбарии Зикриё Бобохоҷаев 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Муаллифи зиёда аз 160 таълифоти илмӣ, 8 навоварӣ ва 2 шаҳодатномаи муаллифӣ. Тадқиқоти Зикриё Бобохоҷаев ба омӯзиши масъалаҳои амрози роҳи нафасу шуш, гардиши хун, узвҳои ҳозима, ихроҷи бавл ва узвҳои хунофар бахшида шудаанд. Узви ҳайати таҳририяи маҷ. «Клиническая гематология и трансфузиология» (Маскав). Ширкаткунандаи бисёр конференсияву симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масоили бемориҳои узвҳои дарун (Дрезден-1991; Маскав-1985, 1990).

Осор вироиш

  • Врачебно-трудовая экспертиза при заболеваниях внутренных органов. Д., 1987;
  • Неотложные состояния и оказание экстренной помощи при важнейших заболеваниях внутренних органов. Х., 1995.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш