Зурвония
Зурвония, зарвония — яке аз оинҳои аҳди бостони ориёиҳо, ки тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳ бо оини маздоии куҳан амал намуда, дар аҳди Ашкониён ва Сосониён аз нав эҳё гардид.
Таърих
вироишҚадимтарин нишонаи вуҷуди зурвонияро муҳаққиқон ба охирҳои ҳазораи дуввуми то м. нисбат медиҳанд. Зурвония оини интишорёфта дар Эронзамин буд, ки пайравонаш «Зрвана акарена» («Замони бекарон»)-ро Худои бузург ва холиқи Ҳурмузду Аҳриман медонистанд. Нишонаҳои зурвония дар таълимоти муғони аҳди модҳо ҳам ба мушоҳада мерасад. Ин матлабро Р. С. Зеҳнер низ таъйид намуда, густариши оини зурвонияро замоне медонад, ки гурӯҳҳои зиёде дар сарзамини шимолу шарқи Эрон — дар Суғд сокин буданд ва батадриҷ ба Сакистон кӯч баста, дар атрофи д. Ҳомун ҷойгир шуданд. Муҳаққиқон роҷеъ ба манбаъҳои зурвония асосан ба «Готҳо», «Худойнома» ва лавҳи мисии аз Луристон пайдошуда ишора намудаанд. Дар манбаи аввал нишоне аз номи Зурвон ва оини зурвония вуҷуд надорад, вале аз муҳтавои матни «Готҳо» (банди 3, Яснои 30) бармеояд, ки дар он роҷеъ ба ду «гавҳари ҳамзод» сухан меравад. Аз ин нукта ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки зурвония дар сарзамини Эрони бузурги аҳди қадим маъмул будааст. Дар «Худойнома» низ роҷеъ ба ташаккулу инкишофи оини зурвонӣ маълумот ҳаст. Дар лавҳи мисӣ ду фарзанди ҳамзоди Зурвон бо шохаҳои барсам (гиёҳи латифи шабдар) дар даст тасвир ёфтаанд, ки тақр. ба асри 7 то м. тааллуқ дорад. Муҳаққиқи олмонӣ Гиршман натиҷаи андешаҳои худро дар бораи ба зурвония мансуб будани ин бозёфт соли 1937 дар маҷ. «Ҳунари Осиё» чоп кард. Чунин фикр низ вуҷуд дорад, ки дар аҳди Модҳову Ҳахоманишиён дар баробари кеши зардуштӣ зурвония ҳам амал мекардааст. Адами Родосӣ (асри 4 то м.) навиштааст: «Муғон аз мавҷуде сухан мекунанд, ки баъзе онро „фазо“ ва бархе дигар „замон“ меноманд ва ҳар вуҷуди қобили ламс дар он мустаҳил аст. Аз батни Зурвон худои некӣ ва деви бадкор баромадаанд, ки иддае онҳоро нуру торикӣ меноманд…». Ин ишора, бидуни шак, ба оини зурвония аст. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқи эронӣ Ҳушанги Давлатободӣ аввалин мавҷи эътиқоди зурвония ҳудуди соли 550 то м. ба Юнон расида, «фалосифаи Юнон, ба монанди Афлотун ва Фисоғурис аз боварҳои зурвонӣ иттилоъ доштаанд ва ба эҳтимоли қавӣ ин ақоид дар сохтори орову андешаҳои онҳо таъсир гузоштааст. Агар воқеан чунин бошад, шабоҳати зиёде, ки байни офаридаҳои нек, аммо орӣ аз ҳаракату амали Ҳурмузд (дар се ҳазор соли аввали офариниш Зурвон) бо „мусул“-и Афлотун вуҷуд дорад, сирфан тасодуф нест». Муғони зурвонӣ, ки дар рисолаи «Алкибиадиси нахуст»-и Афлотун (соли 390 то м.) аз онҳо ном бурда шудааст, вобаста ба дини давлатӣ эълон шудани оини зардуштӣ дар аҳди Ҳахоманишиён, бо тақозои замон тадриҷан аз ақоиди зурвонии худ даст кашида, ба ҳимояи дини зардуштӣ пардохтанд ва кор ба дараҷае расид, ки байни муғону мубадони зардуштӣ фарқи казоие намонд.
Зурвония паёмбару рисолат ва маъбаду парастишгоҳ надошт. Аз ин рӯ, ба ақидаи гурӯҳе аз муҳаққиқон, кеши зардуштӣ, ки бо истифода аз боварҳои фикрии меҳрпарастию зурвония дар домони дини маздоии куҳан қомат афрохта, ҳамвора инкишоф меёфт, бисёр нуктаҳои таълимоти зурвонияро ба худ мутобиқ намуд. Иддаи дигари муҳаққиқон бар ин ақида буданд, ки зурвония дар замони Портҳо (Ашкониён) эҳё шуд ва дини зинда ба шумор мерафт. Мисоли равшани он сангнавиштаи Шопур (матни портӣ 281, форсии миёна 38, 1) бо номи Зрвондод мебошад. Муаллифони китоби «Адёни Осиё» дар ин бора навиштаанд: «Такрими замон дар Эрон дар замони Портҳо аҳаммият пайдо кардааст... Дар давраи Сосониён нависандагони масеҳӣ аз ривоятҳое сухан мегӯянд, ки дар он Зурвон падари аслии Аҳура Маздо ва рӯҳи шар буда, ахирӣ ба унвони «дегам» (ақидаи ҷазмӣ)-и асосии мазҳаби Эрон мавриди ҳамла қарор гирифтааст». Адёни зурвонию зардуштӣ ду ҷараёни мазҳабӣ ва фикрии ҷудо аз ҳам будаанд, ки баъди эҳёи зурвония бо ҳам ба таври мувозӣ амал мекарданд. Масъалаҳои муносибати собиту ҷовидонаи замони бекаронаи офоқӣ бо замони тағйирёбандаю гузарои анфусӣ, офариниши замони каронманд, табдили сукун ба ҳаракат ва робитаи онҳо, истиҳола, таҳаввул, табдилу табодул аз ҷумлаи баҳсҳои доманадори таълимоти зурвония мебошанд.
Зурвонпарастӣ воситаи асосии озодшавӣ аз санавияти зардуштӣ аст, зеро падари муштараки Ҳурмузду Аҳриман эътироф кардани Зурвон ягона роҳи муносиби гурез аз дугонагароӣ буд. Ниберг дар «Адёни Эрони бостон» таъкид мекунад, ки зурвония бисёр масъалаҳои дини зардуштиро равшан намудааст. Д. Гуиллемин низ, зимни тарафдории ин фикри ӯ, бо қотеияти хос мегӯяд, ки зурвония аз дини зардуштӣ қадимтар буда, барҳақ як намуди гаройиши ниёгони ориёии мост ва чун аҳкому ибодати пайравонашро надошт, ҷанбаи илоҳиёти хешро қавӣ сохта, онро ба абадияте табдил дод, ки ба сифати як худои мутлақ ҷилванамоӣ мекард. Ба ин маънӣ, замони бекарони Зурвон баробар ба худои мутлақи беҳадду ҳудудест, ки таҷаллии асотирии кайҳонии ӯ дар замону макони каронманд зоҳир мешавад ва аз сатҳи олами миноӣ (офоқӣ) ба мартабаи олами гетӣ (анфусӣ) нузул мекунад. Масъалаи давр (сикл)-и комили 12-ҳазорсолаи таълимоти зурвония аз бевосита огаҳӣ доштани муғони зурвонӣ аз илми нуҷум дарак медиҳад. Дар ҷараёни офариниш дар зурвония Ҳурмузд аввал наботот, гов, оташ ва Хуршеду Моҳро меофарад, вале ин офаридаҳои нек паси пардаи зулмат ниҳон буданд ва ҳеч гуна фаъолияту ҳаракат надоштанд. Офаридаҳои Аҳриман низ беҳаракат буданд. Ҳар ду аз падари худ — Зурвон ёрӣ хостанд. Иҷобати хостаҳои Ҳурмузду Аҳриман тавассути Зурвон дар матнҳо норавшан аст, вале ин нукта дар фалсафа, дар сурати аз ҳолати билқувва ба ҳолати билфеъл омадани офаридаҳо ва ашёи олами моддӣ таҳқиқ пазируфт. Ин матлаб дар муҳаррики аввали Арасту такрор шудааст. Баъди истилои Искандари Мақдунӣ, бахусус дар давраи ҳеллинизм, давлатҳои селевкию ашконӣ таҳти нуфузи фарҳанги юнониёну бобилиҳо қарор гирифтанд. Ақидае низ ҳаст, ки чун ҳамаи рӯйдодҳо дар пайкараи Зурвон ба вуқӯъ мепайванданд, масъалаи тақдир ва қазову қадар дар таълимоти зурвония дар мартабаи аввал қарор дорад. Ҷ. Рассел ин нуктаи таълимоти зурвонияро сарнавиштбоварӣ (фатализм) ба қалам додааст. Баъзе муҳаққиқон, ба монанди М. Диноршоев, вуҷуд доштани ду шуъбаи зурвония — зурвонияи мазҳабӣ ва зурвонияи моддигароро эътироф мекунанд. Дар баробари замон моддаи нахустинро низ ҷовидон шуморидани зурвония боис мегардад, ки он ба як мактаби моддигаро ва ҳатто илҳодомез табдил ёбад. Дар «Шканд гумоник вичар» таъкид шудааст, ки ҳама аз тазодди чизҳо ба вуҷуд омадааст ва таркиби онҳо ҳама аз таҳаввулоти баъдии замони бепоён бармеояд, олами ҳастӣ ҷуз модда чизе нест ва рӯҳ вуҷуд надорад. Зурвония дар ду марҳалаи офариниш (оламҳои миноию гетӣ) се замонро дар худ таҷассум мекунад: замони пеш аз офариниш, замони ҳол ва замони оянда. Маҳдуд будани подшоҳии Аҳриман ва бартарӣ доштани Ҳурмузд сабаби асосии заминасози набарди тазодҳо дар давоми 9 ҳазор сол буд, ки бо 3 ҳазор соли то таваллуди «гавҳари ҳамзод» 12 ҳазор солро ташкил медод. Баъди гузашти ин муддат Ҳурмузд бар Аҳриман ғалаба хоҳад кард ва мардум саодати абадӣ ёфта, замони бекарон фаро хоҳад расид. Муҳаммад Иқбол дар «Сайри фалсафа дар Эрон» овардааст: «Зурвониён равшаноӣ ва торикиро фарзандони замони бекарон медонанд ва фирқаи каюмарсия иддио дошта, ки асли оғози ҳастӣ равшаноӣ буда, вале он аз неруи душманон ва аз ин ҳаросу он душманӣ торикӣ ба вуҷуд омадааст». Таъсири зурвония ба мутафаккирони асрҳои миёна ба сурату намудҳои гуногун ва дар фаъолияти намояндагони ҷудогонаи он зоҳир шудааст. Айнулқузоти Ҳамадонӣ аз як мабдаи асилу барин ба вуҷуд омадани мабдаи дигари ҳидояту хайр ва мабдаи залолату шар дар зурвонияро ба ду сифати илоҳӣ — ҷалолу ҷамол нисбат дода, тақозои рози нуҳуфта дар маънои «яқин» ва «шак»-ро мекунад ва пайваста ба гуфтаи Ибни Сино дар бораи миқдори ҳаракат будани замон истинод менамояд. Қайсарӣ замонро миқдори давом ва бақои вуҷуд ба қалам дода, ҳаракату замонро шомили маротибе медонад (ҳаракати ғайбӣ, таҷаллии зотӣ, ҳаракату зуҳури асмои илоҳӣ, ҳаракати ҳақиқати вуҷуди барзахӣ ва ҳаракати суратҳои моддиву табиат), ки тавассути он камол ҳосил мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зурвония // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.