Зуфар ибни Ҳузайл ибни Қайси Анбарӣ Абуҳузайл (ар. زفر بن الهذيل‎; 728, Исфаҳон ё Куфа775, Басра) — яке аз фақеҳони бузург, шогирд ва ёри севвуми имом Абуҳанифа.

Зуфар ибни Ҳузайл
араб. ар. زُفر بن الهذيل العنبري التميمي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, фақеҳ, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 728
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 775
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: фиқҳ ва илми ҳадис
Устодон: Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Sulaimān Ibn-Mihrān Al-A’mash[d]
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Зуфар илму ибодатро дар худ ҷамъ карда, яке аз даҳ тане буд, ки ба тадвини китобҳои фиқҳ пардохт. Падари Зуфар аз қабилаи банӣ Тамим ва модараш эронитабор будааст. Вай муддати кӯтоҳе дар замони ҳаёти Абуҳанифа дар Басра ба кори қазо шуғл варзид, сипас тамоми умр машғули илм буд. Минбаъд ҳеч мансаби идориеро аз сӯи хулафо қабул накард, агарчи борҳо ба ӯ фишор оварданд ва ҳатто хонаашро ба хок яксон карданд. Зуфар пас аз вафоти имом Абуҳанифа раёсати ҳалқаи дарси шогирдони ӯро бар уҳда дошт.

Ҳасан ибни Зиёд мегӯяд: "Имом Зуфар садрнишини маҳфили Абуҳанифа буд ва Амр ибни Сулаймони Аттор фармояд: "Абуҳанифа дар тӯйи никоҳи Зуфар ҳузур дошт ва дар он хутбае эрод карда, фармуд: «Зуфар имоме аз аиммаи муслимин ва дар шараф, ҳасаб ва насаб (дар ривояте: ва илм)-аш аламе аз аъломи онҳост». Ибни Маъин ва Абунуъайм ӯро сиқа (муътамад) ва амин (амонатдор, одил) гуфтаанд. Довуди Тойӣ фармуда: «Гоҳе Абуюсуф ва Зуфар дар фиқҳ бо ҳам мунозара мекарданд. Зуфар хушзабон ва суханвар буд ва Абуюсуф дар мунозарааш музтариб мегашт. Борҳо шунидам, ки Зуфар ба вай мегуфт: „Куҷо мегурезӣ, инҳо дарҳои кушодае ҳастанд, аз кадомаш, ки хоҳӣ, баргир!“ Зуфар ибни Ҳузайл барои мероси бародараш ба Басра омад, аҳли он ӯро бозгаштанӣ намонданд ва вай то охири умр ҳамон ҷо монд».

Зуфар осори илмие аз худ бар ҷой нагузошта бошад ҳам, аз шоҳсутунҳои амалии андеша ва мактаби фиқҳии имом Абуҳанифа ба шумор мерафт ва дар истинботи аҳком мегуфт: «Вақте асар вуҷуд дошта бошад, ба раъй мутавассил намешавем».

Адабиёт

вироиш