Зуфобӣ
Зуфобӣ (лот. Alisma plantago-aquatica) — гунае рустании бисёрсола, мансуби зуфобиҳо.
Зуфобӣ | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Alisma.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Alisma plantago-aquatica L. (1753) | ||||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояаш (10-70 см қад мекашад) сершох, дар назди гарданаи реша ғафс. Баргаш дилшакл ё байзашакл (дарозиаш 20 см). Хӯшагулаш сершоха. Гулаш дуҷинса. Гулбаргҳояш сафед ё гулобӣ. Мевааш донакшакли сабзтоб. Зуфобӣ дар Африқо, Австралияи Ҷанубӣ, минтақаи муътадили Авруосиё, Осиёи Марказӣ (ғайр аз баландкӯҳҳо) паҳн шудааст. Дар соҳили кӯлу дарёҳо, обанбор, лаби ҷӯй, ботлоқҷойҳо, шолизор ва ғ. мерӯяд. Моҳҳои май — июл гул карда, нимаи дуввуми тобистон ва тирамоҳ тухм мебандад. Зуфобӣ дар қисми шимолӣ, марказӣ ва ҷануби Тоҷикистон месабзад. Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбад. Зуфобӣ гиёҳи заҳрнок аст. Табибони халқӣ бо хокаи решаи он захми меъдаву рӯда, бемориҳои рӯҳӣ, илтиҳоби пешобдон, бавосир ва обхӯраро муолиҷа мекунанд. Зуфобӣ чун гиёҳи ороишӣ дар канори ҳавзу кӯлҳо парвариш карда мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зуфобӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.