Ибни Мокуло (ар. ابن ماکولا‎), Абуннаср Алӣ ибни Ҳибатуллоҳ (1030[1][2], Укбаро[d]1082[1][2], Гургон) — шаҷарашинос, риҷолшинос, муҳаддис, адиб ва шоир.

Ибни Мокуло
араб. ар. علي بن هبة الله بن علي بن جعفر بن علي بن مُحمَّد بن دلف
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шаҷарашинос, муҳаддис, муаррих
Таърихи таваллуд: 1030[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1082[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Устодон: Q22684054?
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Падари Ибни Мокуло вазири Ҷалолуддавла ва амакаш Абуабдуллоҳ Ҳусайн қозиюлқузоти Бағдод буд. Ибни Мокуло аз донишмандоне чун Ибни Бушрон, Убайдуллоҳ ибни Умар ибни Шоҳин, Абутайиби Табарӣ ва Аҳмад ибни Муҳаммади Ақиқӣ ҳадис омӯхта, сипас барои омӯзиши илм ба Бағдод, Миср, Димишқ, Ҷазира, Хуросон ва дигар манотиқ сафар кард. Муҳаддисон Абубакри Хатиб, Насри Муқаддасӣ, Абумуҳаммад Ҳасан ибни Аҳмади Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Абдулвоҳид ибни Даққоқ аз Ибни Мокуло ҳадис ривоят кардаанд. Ибни Мокуло порае аз умри худро дар маъмуриятҳои идорӣ гузарондааст. Чунончи, аз сӯи халифа Муҳтадӣ ба Бухоро рафт, то аз Тамғонхон байъат ситонад. Ҳамчунин гуфтаанд, Ибни Мокуло аз ҷумлаи касоне буд, ки насабномае барои оли Бувайҳ сохта, насаби онҳоро ба Баҳроми Гӯр расонид. Ибни Мокуло саранҷом ба дасти ғуломони турки худ кушта шуд ва амволаш ба яғмо рафт.

Аз Ибни Мокуло осоре дар риҷол ва таърих ёд кардаанд, ки «ал-Икмол фӣ-л-мухталаф ва-л-муъталаф мин асмои-р-риҷол» аз ҷумлаи муҳимтарини онҳост. Асари мазкур такмилшудаи китобҳои «ал-Мухталаф ва-л-муъталаф»-и Дорақутнӣ, «Муштабаҳу-н-нисба»-и Ҳофиз Абдулғании Аздӣ ва «ал-Муътанаф» ‒ такмилаи «ал-Муъталаф ва-л-мухталаф»-и Хатиби Бағдодӣ аст. Нусхаҳои хаттии он дар китобхонаҳои Миср, Берлин ва Британия маҳфузанд. Китоб соли 1961 дар Дакан чоп шудааст. Аз «ал-Икмол…» Имом Нававӣ дар таълифи китоби тазкирааш истифода кардааст. Номи онро «Таҳзибу мустамарри-л-авҳом ало завӣ-л-маърифати ва ули-л-афҳом» ҳам гуфтаанд. Аз Ибни Мокуло ашъоре низ нақл шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Record #44555775 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.

Адабиёт

вироиш