Абубакр Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Фураки Ансории Исфаҳонӣ, машҳур ба Ибни Фурак (форсӣ: ابن فورک‎; 941, Исфаҳон ‒ 1015, Нишопур) — мутакаллим, муфассир, фақеҳ, адиб ва воизи ашъарии шофеӣ.

Ибни Фурак
араб. ар. أبو بكر محمد بن الحسن بن فورك الأنصاري الأصبهاني
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, ҳуқуқдон, имом
Таърихи таваллуд: тақрибан 941[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1015[1][2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: илми калом, наҳви арабӣ[d], фиқҳ, шеър ва суханрон[d]
Ҷойи кор: Нишопур
Устодон: Абулҳасани Боҳилӣ[d][3] ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Исфаҳонӣ[d]
Шогирдон: Абдулкарими Қушайрӣ, Абуусмони Мағрибӣ[d] ва Абуисҳоқи Исфаройинӣ
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Муқаддамоти улумро дар Исфаҳон фаро гирифта, сипас ба омӯзиши фиқҳ, усул, ҳадис, тафсир ва калом пардохт. Барои касби дониш ба Ироқ, Шероз, Рай, Нишопур ва Макка рафта, аз донишмандони он ҷойҳо ҳадис низ шунидааст. Ибни Фурак каломи ашъариро дар Бағдод аз Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Тоӣ ‒ шогирди бевоситаи Ашъарӣ омӯхт. Ибни Фуракро ба сабаби фитнае, ки дар бораи дин пайдо шуда буд, бо фармони амир Азудуддавлаи Дайламӣ (ҳукмронӣ 967−83) дар банд ба Шероз бурданд, аммо зуд озодаш карданд. И. Ф мавриди эҳтироми амир қарор гирифт ва барои ӯ китобҳои бисёр таълиф кард. Ибни Фурак муддате дар Рай иқомат дошт, вале он ҷо ӯро ором нагузоштанд. Амири Хуросон Носируддавлаи Симҷурӣ (фавт 989) аз ҳокими Рай Ибни Фуракро хоста, ба Нишопур ба дарбори худ овард ва дар паҳлуи хонақоҳи суфиён барояш хонаву мадрасае сохт. Ибни Фурак дар ин ҷо то соли 938 ба тадриси илми фиқҳ машғул шуд. Маҳмуди Ғазнавӣ ӯро барои баҳс бо карромиён ба Ғазнӣ даъват кард. Ибни Фурак дар масъалаи руъяти Худованд бо карромиён ихтилофи назар дошт. Дар асоси туҳмати карромиён Маҳмуди Ғазнавӣ ҳукми қатли Ибни Фуракро содир кард. Дар роҳи бозгашт аз Ғазнӣ душманонаш ӯро заҳр дода куштанд.

Абубакри Байҳақӣ, Абулқосими Қушайрӣ, Аҳмади Нишопурӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Ибни Фурак дар заминаи усул, фиқҳ ва маорифи исломӣ китобҳои бисёре навиштааст. Ибни Асокир теъдоди асарҳои ӯро беш аз 100 адад шумурдааст. Муҳимтарин таълифи Ибни Фурак «Мушкилу-л-ҳадис» буда, ба навиштаи муаллиф дар муқаддимаи асар дар радди аҳли бидъат, аз қабили ҷаҳмия, муътазила, хавориҷ, рофизия ва ҷисмия мебошад. Бахше аз китобро рад бар китоби «ат-Тавҳид»-и Ибни Хузайма ташкил медиҳад. Асари дигари ӯ «Муҷарраду мақолоти-ш-шайх Абилҳасани-л-Ашъарӣ» аст. Ҳамчунин чандин китоби дигар, аз ҷумла «Дақоиқу-л-асрор», «Тафсиру-л-Қуръон», «Табақоту-л-мутакаллимин», «Асмоъу-р-риҷол» ва «Китобу-л-ҳудуд фӣ-л-усул»-ро ба Ибни Фурак нисбат додаанд.

  1. 1.0 1.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  2. Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 343. — 886 с. — ISSN 0249-7921
  3. https://digital.csic.es/bitstream/10261/157872/1/OUP_Asharism.pdf — С. 5.

Адабиёт

вироиш