Ибни Ҷавзӣ
Ҷамолуддин Абулфараҷ Абураҳмон ибни Алӣ, маъруф ба Ибни Ҷавзӣ (ар. ابن الجوزي; 1116[1][2][3][…] ё 1126[4], Бағдод, Ироқ, Хилофати Аббосиён[5] — 1201[6][7], Бағдод, Ироқ, Хилофати Аббосиён[5]) — воиз, таърихнигор, муфассир ва фақеҳи ҳанбалӣ.
Зиндагинома
вироишДар назди амакаш Абулфазл Муҳаммад ибни Носири Бағдодӣ (1075—1155) ҳадис омӯхт. Аз Абулқосим Алавии Ҳиравӣ санъати хитоба ва муҷодала, аз Муҳаммад Абдуллоҳи Омирӣ (фавт 1136) фиқҳ, аз Муҳаммад ибни Аҳмади Динаварӣ (фавт 1138) санъати баҳсу мунозара, аз Иброҳим ибни Динори Наҳравонӣ (фавт 1161) мазҳабу фароиз, аз Абумансури Ҷаволиқӣ (фавт 1133) зарофатҳои адабу луғатро фаро гирифт. Баъзе аз муҳаққиқон муътақиданд, ки Ибни Ҷавзӣ аз 9-солагӣ ба ваъзгӯӣ шурӯъ кардааст.
Даврони зиндагии Ибни Ҷавзӣ дар замони пурошӯби ҳокимияти хулафoи аббосӣ гузаштааст. Дар ин давра дар ҳудуди Хилофат фирқаҳои мухталиф, гурӯҳҳои каломӣ, мазҳабҳои фиқҳӣ дар шаклҳои гуногун арзи вуҷуд намуда, ба баҳсу мунозараҳои шадид мепардохтанд. Ибни Ҷавзӣ дар замони хилофати Мустадеъ (1171-79) ҳамчун бузургтарин воизи ҳанбалӣ маъруф гардид. Дар мунозароти уламои мазҳабҳои мухталиф ширкат меварзид ва ба тадрису таълиф машғул буд. Ибни Ҷавзӣ ҳамчун тарғибгари мазҳаби ҳанбалӣ таҳти ҳимояи вазири ҳанбалимазҳаб Ибни Хубайра (фавт 1165) дар Бағдод шуҳрат пайдо кард. Дар ҳамон замон Ибни Ҷавзӣ умури идораи панҷ мадрасаро ба уҳда дошт ва дар дарбори Хилофат нуфузу эътибори зиёдеро касб кард. Соли 1175 Ибни Ҷавзӣ бо иҷозати халифа барои таҳкими мазҳаби ҳанбалӣ баъзе чораҳои сиёсӣ андешид. Онҳое, ки нисбат ба саҳобаҳои Муҳаммад (с) бадгӯӣ мекарданд, зери назари умури амнияти Хилофат қарор мегирифтанд. Баъди ин, таъсиру нуфузи ӯ назди дарбор афзуд. Баъди марги халифа Мустадеъ авзои сиёсӣ ва динӣ дигаргун шуд: халифа Носир ҳокимиятро ба даст гирифт, вазъи зиндагӣ ва фаъолияти Ибни Ҷавзӣ тағйир ёфт ва нуфузу эътибори ӯ коста шуд. Намояндагони мазҳабҳои гуногун ба муқобили Ибни Ҷавзӣ ва тадбирҳои диниву сиёсии ӯ баромаданд. Ибни Ҷавзӣ сиёсати Носирро танқид кард. Дар натиҷа Ибни Ҷавзӣ-ро дастгир ва дар Димишқ ҳабс карданд. Баъди панҷ сол ӯ бо мусоидати модари халифа аз ҳабс озод шуд.
Таълифот
вироишТибқи иттилои худи Ибни Ҷавзӣ, ӯ дар 13-солагӣ ба навиштани рисола шурӯъ карда, 300 асар дар ҳадис, тафсир, ваъз, фиқҳи ҳанбалӣ ва ғ. таълиф кардааст. Бархе муҳаққиқон теъдоди осори ӯро на бештар аз 200 рисола донистаанд. Яке аз асарҳои маъруфи Ибни Ҷавзӣ, ки то замони мо расидааст, «ал-Муназзам фӣ таърихи-л-мулуки ва-л-умам» (10 ҷилд, роҷеъ ба таърихи Хилофат, рӯйдодҳо, тавтиаҳо, ҷангу ситез ва дигар ҳодисаҳои иҷтимию сиёсӣ) мебошад, ки муҳаққиқон онро беҳтарин такмили «Таърихи Табарӣ» арзёбӣ кардаанд. Асари дигари ӯ «Талбиси Иблис» аст, ки сабаби иншои онро Ибни Ҷавзӣ чунин нигоштааст: «Пас аз реҳлати ҳазрати Расул (с) ва даргузашти ёрони ӯ бидъатҳо афзун ёфта, мардум ба гуноҳҳои гуногун гаравиданд ва Иблис сар баровард, то ононро бифиребад ва ботилро биорояду тафриқа афканад… Аз ин рӯ, ман ба он шудам, ки „Талбиси Иблис“-ро бинависам ва мардумро аз найрангҳои ӯ барҳазар дорам ва домҳояшро бинамоёнам».
Дар осори худ (аз ҷумла «Зоду-л-масир», «Сайду-л-хотир», «Илму-т-тафсир» ва ғ) таълимоти баъзе мазҳабҳоро хурофоту бидъат хонда, баъзе намояндагони каломро мавриди сарзаниш қарор додааст, сӯфиёнро танқид карда, амали онҳо (рақсу самоъ, гӯшанишинӣ ва ғ.)-ро хилофи шаръ арзёбӣ намудааст. Ибни Ҷавзӣ инчунин ба «Эҳёу улуми-д-дин»-и Имом Ғаззолӣ эрод гирифта, онро хилофи баъзе қоидаҳои фиқҳ ва ҷонибдори сӯфия эълон кардааст. Ибни Ҷавзӣ фақеҳони аҳли зоҳирро низ танқид карда, мегӯяд: «Онҳо ба ояте истинод мекунанд, ки маънои онро намедонанд ва ба ҳадисе истинод мекунанд, ки худ намедонанд он саҳеҳ аст ё на. Пас, агар фиқҳ иборат бошад аз истихроҷи ҳукм аз Китобу Суннат, чӣ гуна он чиро, ки намедонанд, аз он ҳукм истихроҷ мекунанд?». Роҷеъ ба ақл Ибни Ҷавзӣ чунин шиор дошта: «Бояд бо ақл аз ақл эҳтироз кард. Агар бихоҳем Худоро бо ақл бишиносем, бояд бидонем, ки Ӯ ҷисм нест ва шабоҳате ба ҳеч чиз надорад, Худованд молику ҳаким аст ва ҳеч феълеро беҳуда анҷом намедиҳад, ҳикмати Ӯ бар мо пӯшида нахоҳад буд».
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/20901 (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 NUKAT — 2002.
- ↑ 4.0 4.1 Encyclopaedia of Islam — Лейден: Brill.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Deutsche Nationalbibliothek Record #11870852X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 6.0 6.1 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 7.0 7.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 8.0 8.1 (unspecified title) — 2
Адабиёт
вироиш- Ибни Ҷавзӣ / М. Ҳазратқулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.