Игорь Владимирович Карамзин (тав. 4.12.1929, шаҳри Сталинград – ваф. 16.10.1998, шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1965), дотсент (1967).

Игор Карамзин
Игорь Владимирович Карамзин
Таърихи таваллуд 4 декабр 1929(1929-12-04)
Зодгоҳ Сталинград, ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 октябр 1998(1998-10-16) (68 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1948–1953 дар факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1954–1956 муаллими Омӯшгоҳи механиконии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Пахтаобод, 1956–1966 ходими илмӣ, соли 1967 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1967–1977 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1977–1979 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, 1979–1989 дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1989 то рӯзҳои охирини ҳаёташ дар кафедраи роҳнамои касбии донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо тайёрии касбии хонандагон дар соҳаи пахтакорӣ ва масъалаҳои педагогию психологии донишҷӯёнро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990) мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

  • Пахтакорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
  • Асосҳои агрономия ва механизацияи рустанипарварӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
  • Тайёрии касбии талабагон доир ба соҳаи пахтакорӣ, Д., 1964;
  • Вопросы профессиональной подготовки студентов (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
  • Индустриально-педагогическая психология. Ч. 1, 2. (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997.

Пайвандҳо вироиш