Идеали́зм (фр. idéalisme, тавассути лот. idealis аз юн.-қад. ἰδέα — ғоя) — мақулаи фалсафӣ, ифодакунандаи ҷаҳонбиние, ки оламро куллан ба мундариҷаи шуури мудрики маърифаткунанда (идеализми субъективӣ) шабоҳат медиҳад ё вуҷуди манбаи идеаливу маънавиётро берун ва новобаста ба шуури инсон (идеализми объективӣ) собит мекунад, инчунин олами берунаро ҳамчун зуҳури ҳастии маънавӣ ва шуури мутлақ баррасӣ менамояд. Идеализми субъективии устувор дар ин манбаъ дар муносибат бо олам ва ашё ибтидои нахустро меҷӯяд. Истилоҳи «идеализм»-ро аввалин маротиба ба фалсафа Лейбнитс ворид кардааст. Идеализми объективӣ ба спиритуализм шабоҳат дошта, дар чунин шаклҳои фалсафа ба мисли платонизм, панлогизм, монадология ва волюнтаризм ифода ёфтааст.

Идеализми объективӣ яке аз навъҳои асосии И. ба шумор рафта, маҷмӯи муқаррароти мактабҳои фалсафиеро дар назар дорад, ки вуҷуд доштани воқеияти берун аз моддаро новобаста ба ирода ва хиради мудрик ифода мекунад. Идеализми объективӣ ҳастии оламро ҳамчун маҷмӯи фаъолияти маърифатии узвҳои ҳис ва идрок, яъне дониши пеш аз таҷриба маълум (априори)-ро инкор мекунад. Тибқи идеализми объективӣ, дар муқоиса бо идеализми субъективӣ, «ғоя» ё «хиради ҷаҳонӣ» нахустасоси олам мебошад. Аксари устураҳо, таълимоти динӣ (динҳои иброҳимӣ, даосизм) ва таълимоти файласуфони Юнони Бостон (Фисоғурис, Афлотун) бар пояи биниши идеализми объективӣ бунёд шудаанд, вале идеализми объективӣ такомули пурраи худро дар фалсафа дарёфтааст. Идеализми объективии ибтидоӣ таҷассуми таҷрибаҳои инсон аз ҳастӣ мебошад. Мувофиқи он, модда на ҳамчун маҳсули рӯҳ, балки чун ҷавҳари ҷовидона бидуни шаклу рӯҳ фаҳмида мешуд, ки аз он рӯҳ (нус, логос) ашёи воқеӣ меофарад. Аз ин рӯ, рӯҳ на ҳамчун офаридгори олам, балки ҳамчун шаклдиҳандаи он баррасӣ мешавад. Фалсафаи Афлотун, маҳз, ҳамин бинишро дар бар мегирад. Тибқи таълимоти ӯ, олами моддӣ маҷмӯи ашёи бавуҷудояндаву нестшаванда ва инъикоси нокомили ғояҳо мебошад. Хиради инсон ин ғояҳоро мешиносад ва ҳиссиёти ӯ ин ашёро дарк мекунад. Олами ғояҳо ҳадаф ва сабаби олами моддӣ мебошанд. Ба андешаи Арасту дар рӯҳ фақат ғояи ашё вуҷуд дорад, на худи ашё.

Бори нахуст ба пурсиши: «Оё шуури инсон ба шинохти олам қудрат дорад?» маҳз идеализми объективӣ кӯшиши посух гуфтан кардааст. Посухи назарияи идеализми объективӣ ин аст: «Бале, шуур худии худро шинохта метавонад». Мантиқи ботинии худтакомулбахши идеализми объективӣ боиси пайдоиши пурсиши нав мешавад: «Агар ҳеч модда аз нестӣ ба вуҷуд наомада бошад, пас аз кадом ҳастӣ модда ва шуур пайдо шудаанд?», «Оё модда ва шуур асли мустақили пайдоиш доранд, ё яке боиси зуҳури дигаре гардидааст?» ва «Кадоме аз ин ду нахустин асту кадоме дуввумӣ?». Дар садаи III ба ин пурсишҳо навафлотуния низ кӯшиши посух додан кардааст. Дар он олами воқеӣ натиҷаи судури рӯҳ ва ваҳдати илоҳӣ дарк шуда, модда ҳамчун маҳсули қатъшавии ин судур дониста мешуд. Танҳо пас аз такомули ин биниш таълимоти идеализми объективӣ ба авҷи худ расида, Рӯҳ-Холиқ ба Рӯҳ-Худованд табдил ёфт. Акнун Рӯҳ-Худованд (дар даврони нав) оламро на ин ки шакл мебахшад, балки онро пурра меофарад. Идеализми объективӣ таълимоти судурро то садаи XVII ҷонибдорӣ мекард.

Идеализми объективӣ дар фалсафаи классикии Олмон мақоми муҳим дорад. Лейбнитс пайдоиши оламро ҳамчун натиҷаи нурпошии илоҳӣ тафсир карда буд. Ҳегел дар рушду такомули идеализми объективӣ фаротар гом гузошта, пайдоиши олами воқеиро натиҷаи камолёбии Рӯҳи Мутлақ мешуморад, на натиҷаи судур. Манбаи ин худтакомулёбиро ӯ дар зиддияте медид, ки ботинан хосси Ӯст, аммо, агар олам маҳсули такомулёбии ғояҳо бошад, пас худи ғояҳо аз чӣ пайдо шудаанд? Шеллинг ва Ҳегел дар ин пурсиши беинтиҳо дармонда, барои раҳоӣ аз бунбасти он роҳи нав: пайдоиши ғояҳоро аз ҳастии соф — адам пешниҳод карданд. Қаблан идеализми объективӣ (ба мисли материализм) ҳастии оламро новобаста ба шуури инсон медонист, вале аз садаи XVII шурӯъ карда, тафаккури фалсафӣ ончунон такомул ёфт, ки ин биниш зери шубҳа қарор гирифт. Маҳз, дар ҳамин айём идеализми субъективӣ чун яке аз равияҳои И. зуҳур кард ва дар фалсафаи Беркли такомул ёфт. Идеализми субъективӣ бар хилофи идеализми объективӣ ҳама гуна воқеияти берун аз шуури мудрикро инкор мекунад. Тибқи андешаи файласуфони ин ҷараёни фалсафӣ, дар оламе, ки мудрик зиндагӣ ва фаъолият мекунад, маҷмӯи ҳиссиёт, таассурот, кайфиёт ва амалҳои ӯ вуҷуд доранд ва олами ботинии инсон як қисми ҷудонашавандаи дунё мебошад. Шакли ифротии идеализми субъективӣ солипсизм буда, тибқи он танҳо мудрики фикркунанда воқеият дошта, боқӣ тамоми ҳастӣ дар шуури ӯ мавҷуд аст. Дар фалсафаи Ғарб асосгузори идеализми субъективӣ Беркли эътироф шудааст. Дигар намояндагони классикии он Фихте, Юм ва Кант мебошанд. Баъзе мактабу ҷараёнҳои фалсафии садаи XX, ки дар чаҳорчӯбаи биниши идеализми субъективӣ фаъолият бурдаанд, инҳоанд: мактабҳои гуногуни позитивизм (махизм, оператсионализм, эмпиризми мантиқӣ, фалсафаи лингвистӣ ва ғайра), прагматизм, фалсафаи зиндагӣ (Нитсше, Шпенглер, Бергсон) ва фалсафаи вуҷудӣ (Сартр, Ҳейдегер, Ясперс ва дигарон).

Адабиёт

вироиш
  • Нарский И. С. У истоков субъективного идеализма. М., 2000;
  • Новая философская энциклопедия. В 4-х тт. Т. 2. М., 2010.

Сарчашма

вироиш