Иля Гершевич (англ. Ilya Gershevitch; 24 октябри 1914, Сюрихи Олмон — 11 апрели 2001, Кембриҷи Англия) — забоншинос, эроншиноси рустабори англис.

Иля Гершевич
Таърихи таваллуд октябри 1914[1]
Таърихи даргузашт 2001[2][3]
Кишвар
Ҷоизаҳо

Зиндагинома вироиш

Дар донишгоҳҳои Рум бо роҳбарии Антонио Паляро ва Лондон бо роҳбарии В. Б. Ҳеннинг таҳсил карда, мутахассиси варзида дар соҳаи забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоӣ ва эроншиносӣ гардид. Пажӯҳишро аз забони суғдии монавӣ шурӯъ кард ва дар ин мавзӯъ дар Рум рисолаи докторӣ дифоъ намуд (1943). Рисолааш бо номи «Дастури забони суғдии монавӣ» чоп шудааст (Оксфорд, 1954, 1961).

Яке аз пажӯҳишҳои муҳимми Иля Гершевич китоби «An Avestan Hymn to Mitra» (1959, Кембриҷ) мебошад. Ин асар тарҷумаву тафсири густардаи «Меҳр-яшт»-и Авесторо дар бар мегирад. Дар муқаддимаи он Иля Гершевич андешаҳояшро оид ба Авесто, забони авестоӣ, «Готҳо»-и Зардушт ва мавқеи онҳо дар Авесто, Митра ва митраизм (меҳрпарастӣ) дар Шарқу Ғарб, оид ба шахсияти Зардушт, пайдоиш ва паҳншавии зардуштия ва ғ. иброз доштааст. Китоби мазкур дар донишгоҳҳо ва дар доираҳои илмии эроншиносӣ ба ҳайси китоби дарсӣ ба кор бурда мешавад.

Дар маҷаллаҳои илмии Британияи Кабир, ИМА, Олмон мақолаҳои Иля Гершевич оид ба масоили гуногуни эроншиносӣ ба табъ расидаанд.

Иля Гершевич дар донишгоҳҳои Лондон, Кембриҷ дарс медод. Дар донишгоҳҳои ИМА, собиқ ИҶШС оид ба натиҷаҳои таҳқиқоташ дар забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, лаҳҷаи балучии Эрони муосир ва ғ. гузоришҳо кардааст.

Осор вироиш

  • On the Sogdian St, George Passion. JRAS, 1946;
  • Old Iranian Literature Handbuch der Orientalistik. Abd 4: Iranistik. Abs. 2: Literatur. Cambridge History of Iran, 3 (2), Cambridge, 1983.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Д., 1988;
  • نیکبین نصرالله. فرهنگ جامع خاورشناسان مشهور و مسافران به مشرقزمین. تهران، ۱۳۸۰.؛
  • دانشناهۀ دانش گستر. جلد ۱۳، تهران۱۳۸۹ ش

Сарчашма вироиш