Иртиботи сиёсӣ – мафҳуми ифодакунандаи ҷараёни таъсири байниҳамии субъектҳои сиёсӣ дар заминаи табодули иттилоот ва муоширати бевосита, ҳамчунин восита ва тарзу тариқаҳои ин таъсири байниҳамӣ. Дар илми сиёсатшиносӣ назарияи иртибот дар асоси назарияи кибернетикии иттилоот, назарияи шабакаҳои иртиботӣ ва ҳамчунин якчанд ҳолатҳои назарияи умумии ташкил ва қабули қарор ба вуҷуд омадааст. Дар соҳаи сиёсат ба навъи умумӣ назарияи иртибот чунин баррасӣ мешавад:

  1. Махсусияти ташкилӣ ва вазифавии воситаҳои техникии иттилооти сиёсӣ. Ин ҷо занҷираи «фиристонанда - коркардкунанда - нишонии иттилоот» дар ҳамроҳи бо проблемаҳои ихроҷ, таҳрими иттилоот, таъсири байниҳамии нутқ ва шабакаҳои иттилоотии расмиву ғайрирасмӣ, коркарди омилҳои назорати воситаҳои ахбори омма ва ғайра таҳқиқ мешавад;
  2. Коркарди системаи аломатӣ, рамзӣ ва маъноӣ барои рамзҳои ҷониби иртибот. Дар нақшаи мазкур махсусияти шаклгирии образҳои символӣ, ҳаракат ва пахши утопия ва устураҳо омӯхта мешавад;
  3. Амали иҷтимоии дохил намудани иттилооти нав ба низоми сиёсӣ. Инҷо таъсири иттилооти маълумотӣ ба дигаргуншавии мавқеи сиёсии субъектҳо, интихоби намоянда, ташаккули афкори омма, таъсири ғояҳо ба муътадилӣ ва номуътдилии ҷараёнҳои сиёсӣ, алоқаи мардум бо ҳокимият, ҷараёни коркард ва қабули қарор омӯхта мешавад.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.107. ISBN 978-999-47-43-37-7