Ифодаи хабар бо масдар

Масдар дар мавриди ба вазифаи хабар омадан хусусияти номӣ зоҳир карда, ҳамчун исм бандакҳои хабарӣ қабул мекунад, бо феълҳои ёридиҳанда ва ҷонишинҳо дар шакли таркиб воқеъ мегардад.

МисолҳоВироиш

  • Мақсади ин китобча хонандагонро ба тариқи умумӣ бо ҳаёт ва фаъолияти адабии Аҳмади Дониш ошно кардан аст (Сотим Улуғзода).
  • Ба пеши ту омаданам ҳам барои дар ин бора бо ту машварат кардан буд (Садриддин Айнӣ).

НигаредВироиш

МанбаъВироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1986.-с.241