Кабоби дегӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Аввал равғанро ба деги тасфон меандозанд. Гӯштро пора карда, ба дег андохта, бо оташи паст бирён мекунанд, пас аз он ки гӯшт сурх шуд, ба дег пиёзро пора карда меандозанд, то сурх шуданаш бирён мекунанд, картошкаро низ тоза карда, аз рӯи табъ пора мекунанд ва ба рӯи гӯшт меандозанд. Онро якҷоя накарда, даҳони дегро мепӯшонанд ва оташро паст мекунанд. Аз рӯи хоҳиш зира, кабудӣ, райҳони хушк ва ғайра илова мекунанд. Пас аз пухтани картошка ба табақ аввал картошкаро ва баъд гӯштро мекашанд. Пухтани кабоб ҳар хел мешавад, ин як намуди кабоби тоҷикӣ буд. Барои тайёр кардани кабоб 0,5 кг равғани дунба, 1кг гӯшти гӯсфанд, 1кг гӯшти гов, 0,5 кг пиёз, 1 кг картошка ва хушбӯиҳо аз рӯи хоҳиш зарур аст.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ вироиш