Кабкбирён

(Тағйири масир аз Кабоби кабкӣ)

Кабкбирён

Кабкбирён навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: гӯшти кабки паркандаро намак зада, аз болои тӯшаш чарбу мепечонанд. Сипас, ба тобаи чуқур ё деги равғани зардаш тафсон меандозанд ва то сурхшавӣ бирён мекунанд. Баъд онро бо тахтапушташ ба тафдон мегузоранд ва ҳар замон ба рӯяш шираи аз гӯшти бирён ҷудошударо мерезанд. Кабкбирён, одатан пас аз 35-45 дақиқа тайёр мешавад. Онро ба қисмҳо ҷудо карда ба табақ мегузоранд, равғани обшуда ва гӯштоберо, ки дар он кабк бирён шуда буд, ба болояш мерезанд ва бо барги ҷаъфарӣ оро медиҳанд. Гӯшти кабкро барои кабобу оши палав низ истифода мебаранд.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ вироиш