Кайқубод

маданияти кадими точикон

Кайқубод (форсӣ: کی‌قباد‎) — аввалин шоҳ ва муассиси силсилаи Каёниён.

Кайқубод
Фарзандон Кайораш[d] ва Кайковус
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Пас аз марги Гаршосп охирин шоҳ аз силсилаи Пешдодиён, Афросиёб бори дигар тасмим ба лашкаркашӣ ба Эрон гирифт. Аммо дудмони Фаридун ҳанӯз аз миёнӣ нарафта буд. Хабар расид аз нижоди Фаридун ҷавоне хирадманд ба номи Кайқубод дар Албурзкӯҳ зиндагӣ мекунад. Зол пас аз машварат бо бузургон ва мӯбадон, ӯро ба унвони подшоҳ интихоб карда ва писараш Рустамро барои овардани Кайқубод ба Албурзкӯҳ мефиристад. Пас аз нишастани Кайқубод бар тахти Эрон, Турониён ки ба Эрон ҳуҷум оварда буданд ҳазимат ёфта баргаштанд.

Дар ёдгориҳои адабиву динӣ, маъхазҳои таърихӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оид ба Кайқубод ривояту қиссаҳои мухталифи афсонавӣ ва таърихӣ боқӣ мондаанд. Дар Авесто номи Кайқубод ду бор (дар «Фарвардиняшт» ва «Зомиёд-яшт») вомехӯрад.

Дар осори забони паҳлавӣ Кайқубод ҳамчун саромади хонадони Каёниён, подшоҳи накӯкор ва ҳушманде тасвир шудааст. Ҳамзаи Исфаҳонӣ хабар медиҳад, ки Кайқубод дар соҳили Аму ш. Қубодиёнро барпо кард. Дар соҳили Аму ҳоло ҳам маҳалле бо номи Қубодиён мавҷуд аст. Мувофиқи «Шоҳнома» Кайқубод аз авлоди Фаридун буда, дар кӯҳи Албурз бо гурӯҳе зиндагӣ мекард. Рустам бо фармоиши Зол ӯро ба Истахр овард ва ба тахти шоҳӣ шинонд. Кайқубод баъди ба тахт нишастан ба муқобили Афросиёб ҷанг сар кард. Дар асарҳои забони паҳлавӣ, аз ҷумла, дар «Бундаҳишн» ривоятҳои гуногуне дар бораи Кайқубод, писарону наберагони ӯ ба назар мерасанд. Ба ривояте Фаронак ном духтаре аз хонаи падар гурехта, зани Кайқубод гардидааст. Аз ин никоҳ писар ба дунё омад. Муҳаққиқон (М. М. Дьяконов, А. Кристенсен) ақидае доранд, ки мувофиқи он ривояту қиссаҳо дар бораи К. дар асоси воқеаҳои реалии таърихӣ (асрҳои 9-7 то м.) дар Бохтар ба вуқӯъ омадаанд. Аз ин ҷиҳат, эҳтимол, саргузаштҳои Кайқубод низ ифодаи воқеаҳои таърихӣ бошанд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 296—282

Адабиёт вироиш

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. — М., 1956;
  • Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. — М., 1961;
  • Кузьмина Е. Е. В стране Афрасиаба и Кавата. — М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. — Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.