Камзӯлдӯзӣ
Камзӯлдӯзӣ
Як навъ ҳунари қадимаи мардумии хоси занҳо мебошад. Камзулро аз матоҳои махмал, сатин, лас ва вилюр медўзанд. Камзӯлҳо яке аз ҷузъиёти сарулибоси занона мебошад ва вобаста ба мавсим навъҳо дорад: камзули тирамоҳӣ, ки аз астару абра ва камзули тобистона – бе астар дўхта мешаванд. Тарзи духтани камзул ба куртаи занона монанд буда, пеши он кушод ва остинаш дароз аст. Камзўли беостинро камзўлча мегўянд. Камзули мисли ҷома пахтадорро гуппича меноманд. Дар вилояти Суғд, водии Ҳисор фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Традиционная одежда и украшени Худжанда (XIX-XX вв.). Худжанд, 2004.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 121