Open main menu

Канали калони Фарғона

Great Fergana Canal near Andijan.jpg

Канали Калони Фарғона ба номи Усмон Юсуфов — каналест дар водии Фарғона, дар ҳудуди Ӯзбакистон ва Тоҷикистон. Яке аз иншоотҳои калонтарини гидротехникии собиқ СССР ба шумор мерафт. Аз дарёи Норин (саргаҳи дарёи Сир), наздикии шаҳри Учқурғони вилояти Андиҷон об мегирад. Водиро аз шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб бурида гузашта, дар Хуҷанди Тоҷикистон ба охир мерасад. Тули умумиаш 477 км (дар худуди Ӯзбакистон 350 ва Тоҷикистон 127 км). Бараш дар саргаҳ 25—30 м ва дар интиҳо 4—8 м, чуқуриаш 1,5—4 м. Канал аз ду шоха иборат аст. Шохаи болоӣ (44 км) аз Учқурғон то Куйганёр рафта мерасад ва дарёи Норинро бо Дародарёю Тентаксой мепайвандад. Иқтидори обгузарониаш 98 м3/сон. Як қисми об барои обёрӣ сарф шуда, боқимондааш ба Дародарё ва Тентаксой мерезад. Аз сарбанди Куйганёр ба тарафи ғарб бо дарёи Сир мутавозӣ шохаи поёнии канал давом мекунад, ки тулаш 301 км буда, вилоятҳои Андиҷон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Уши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистонро обёрӣ менамояд. Иқтидори обгузаронии канал дар вилояти Суғд 6—7 м3/сон. Канали калони Фарғона ду маротиба навсозӣ шудааст. Дар вақти навсозии якум (1956) бо шохаи болои мутавозӣ канали ёрирасон сохта шуд (13,6 км), ки сарфи обаш 70 метри мукааб/сония буд. Иқтидори обгузаронии шохаи болоӣ ба 150 метри мукааб/сония ва поёнӣ ба 175 м3/сон расонида, 100 ҳазор га заминҳои партов обшор гардиданд. Соли 1965 ҳангоми навсозии дуюм ба шохаи болоӣ боз як канали ёрирасон илова гардид (15,6 км). Дар канал 712 иншооти гидротехникӣ (аз ҷумла 3 акведук, 23 купруки роҳи оҳан ва роҳ) сохта шудааст. Канал дар давраи вегетатсия аз дарёи Норин 420 м3/сон., аз Қародарё 100 м3/сон., аз дарёи Сух 12 м3/сон ва уму- шарқ,ии водии Фаргона бох, тар гар-дида, аз ин микдор 210 хаз. га за-мин (дар вил. Намангон 12 хаз. га, Андичрн 63 хаз. га, Фаргона 125 х, аз. га, Ленинобод 10 хаз. га) аз об пур-ра таъмин карда шудааст. К. К. Ф. дар натирай ду х, ашар: с. 1939 аз Уч-цургон то Конибодом ва с. 1940 аз Конибодом то Ленинобод сохта шу¬дааст. Канал асосан бо мехдати дас-ти кофта шуда, соли аввал 160 хаз. наф. ва соли дуюм 20 хаз. наф. мех,-наткашони РСС Узб. ва РСС Точ. иштирок кардаанд. Сохтмони канал хар ду дафъа хам 45-рузӣ давом кардааст. Хашарчаён аз техника хамагй 14 экскаватор, 245 трактор ва 420 автомобил доштанд.

МанбаъВироиш

  • Очилов X. Табиат, сарват ва хоҷагии Точикистони Шимолӣ. — Душанбе, 1969,
  • Чӯраев К. Аҳмияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон. — Душанбе, 1971;

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.