Карафс
Карафс ё карафш (лот. Ápium graveólens) — гиёҳест дусола, ки дар ошпазӣ корбурд дорад.
Карафс | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Apium.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Apium graveolens L., 1753 | ||||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишАз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултӯдааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Моҳи июл гул карда, донаш август — сентябр мепазад. Одатан дар заминҳои партов, канори ҷӯй, рӯди кӯҳӣ, обанбор ё шибару ботлоқҷойҳо мерӯяд. Дар кӯҳи Мевағул, қаторкӯҳҳои Туркистон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400—1500 м) вомехӯрад.
Хосияти шифоӣ
вироишКарафс гиёҳи доруии қадимист. Реша ва тухми онро аз қадим чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино карафс варамҳоро мегардонад, қабзиятро мекушояд, арақ меоварад ва дардро таскин мебахшад, барои сулфа, зиқи нафас, ҷигар ва сипурз муфид аст, пешоб ва ҳайзро меронад. Ҳама қисмҳои карафс гурда, масона ва бачадонро тоза мекунад. Тухми карафс барои обхӯра давои хуб аст, қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ месозад, давои бодрон, киҷҷарон ва пешоброн мебошад. Дарди санги гурда, масона ва миёнро таскин мебахшад. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» қисми аз ҳама пуртаъсири карафс реша, сипас тухм ва барги он мебошад. Тухми карафс то 2 сол ва решааш то 3 сол қобилияти шифобахширо гум намекунад.
Дар тибби халқӣ нақеъи решаи карафсро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима, камиштиҳоӣ ва чун омили исҳоловар рӯзе 3 — 4 маротиба 1 чумча менӯшанд. Шираи решаи тару тозаи онро ҳангоми бемориҳои гурда, нақрис, асабдард, тарбод, саглес ва илтиҳоби пӯст (рӯзе 3 маротиба 1 — 2 қошуқча 30 дақиқа пеш аз хӯрок) тавсия медиҳанд. Чойи меваи карафсро ҳангоми нафастангӣ, ҳиккак ва чун воситаи қайбанд менӯшанд. Аз барги тару тозаи карафс доруи пешоброни «Сукапичравеол» тайёр мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967;
- Марков В. М., Овощеводство, М., 1974;
- Василенко Н. Г., Знаете ли вы эти овощӣ?, М., 1975;
- Чиков П. С., Лаптев Ю. П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.