Ҷамшед Каримов (Ҷамшед Ҳилолович Каримов; 4 август 1940, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос, ходими давлатии тоҷик. Сарвазири Тоҷикистон (1994-1996)[1]. Доктори илмҳои иқтисод (1976), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1988). Профессори ифтихории Институти тадқиқотҳои байналмилалии муқоисавии Пекин (2003).[2]

Ҷамшед Каримов
Ҷамшед Ҳилолович Каримов
парчам
5-умин Сарвазири Тоҷикистон
2 декабри 1994 — 8 феврали 1996
Пешгузашта Абдуҷалил Самадов
Ҷонишин Яҳё Азимов
Котиби Якуми Кумитаи ҳибии шаҳри Душанбе
1989 — январи 1991
Ҷонишин В. Хоҷаев
Таваллуд 4 август 1940(1940-08-04) (83 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ[d]
Касб Иқтисоддон
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома вироиш

Ҷамшед Ҳилолович Каримов Институти саноати сабуки Москваро хатм кардааст (1962), ихтисос – «информатика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисодиёт, усулҳои иқтисодиву математикии банақшагирӣ ва идора, системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.

Фаъолияти меҳнатӣ вироиш

Муовини директор, директори Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон (1972-1981), муовини раис, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1981-1988), котиби якуми Кумитаи ш.Душанбеи ҲК Тоҷикистон (1988-1991), муовини раиси Кабинети Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ноиби сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия (1991-1993), сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-1996), сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин (1997-2003). Вакили халқии ИҶШС (1989-1991).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1989),
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
  • Профессори ифтихории Институти тадқиқотҳои байналмилалии муқоисавии Пекин (2003),
  • Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1972).

Эзоҳ вироиш

  1. tajikistan
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.