Квинтет (итол. guintetto, лот. guindus – панҷ), ансамблест иборат аз 5 иҷрокунанда бо партияҳои мустақил барои ҳар яки аз онҳо. Ҳамчунин асарҳои барои чунин ансамбл таълифшударо низ Квинтет меноманд. Квинтетҳои вокалӣ бо бартарии чун номераи алоҳида дар операҳо (мас., Квинтети «Ман метарсам» аз операи «Моткаи қарамашшоқ»-и П. Чайковский) ба назар мерасанд. Квинтетҳои созӣ – жанри камеравӣ; навъи муҳимтарини ин жанр – Квинтети фортепианӣ (ниг. К.-и фортепианӣ). Дар солҳои охир дар таҷрибаи консертӣ ба Квинтети созҳои нафасӣ (флейта, гобой, кларнет, фагот, валторна) бештар аҳамият медодагӣ шуданд. Квинтетҳо барои ҳайати созӣ қабул шудааст, ҳамон асарҳоеро ном баранд, ки дар шакли силсилаи соната эҷод шудаанд. Дар мусиқии тоҷик Квинтет дар операи «Бозгашт»-и Я. Сабзанов (Квинтет ва хор аз намоиши якум) ва Квинтети фортепиании Ш. Ашуров (фортепиано, флейта, скрипка, алт, виолончел) истифода шудааст.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.176. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)