Кито́би Муқадда́с (ар. الكتاب المقدس‎), Би́блия (юн. βιβλία ҷ. аз βιβλίον «китоб») — дар маънои куллӣ ба куллияи китобҳое, ки дар мазоҳиб ва адёни мухталиф ба унвони «Китоби осмонӣ» пазируфта шудааст, итлоқ мегардад.

Тасвире аз Китоби Муқаддаси Гутенберг

Китоби Муқаддаси масеҳиён ба ду бахш Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид тақсим мешавад, ки шомили 66 китоб аст. Аҳди қадим аз 39 китоб ва Аҳди ҷадид аз 27 китоб ташкил шудааст. Ҳар бахш аз Тавроти Аҳди қадимро як сифр ва бархе дигар аз китобҳои Аҳди қадимро саҳифа меноманд. Аҳди ҷадид низ чаҳор Инҷил конн, рисолоти Ҳавориюни Масеҳ ва китоби Мукошифаро ташкил медиҳад.

Яҳудиён танҳо Аҳди қадимро ба унвони китоби осмонӣ қабул доранд, аммо бештари масеҳиён кулли китобро ба унвони китоби осмонӣ пазируфтаанд. Бархе аз масеҳиён, Аҳди қадимро ба унвони Китоби Муқаддас қабул надоранд ва онро таҳрифшуда медонанд[1].

Аҳди қадим

вироиш

Аҳди қадимро масеҳиён ҳамон муоҳидаи («аҳди») ирфоние медонанд, ки Худованд дар замонҳои қадим бо мардуми қавме (яҳудиён) бастааст. Аҳди қадим аз ҷумлаи осори адабиёти яҳудии Аҳди қадими асрҳои 12–2 то м. мебошад, ки ба забонҳои яҳудии қадим ва оромӣ таълиф шудаанд. Он бахши аз ҳама қадимтари Китоби Муқаддас маҳсуб мешавад, ки аз 39 китоб иборат буда, Каломи муқаддаси яҳудия (Танах) ба шумор меравад. Православия ва католитеизм Аҳди қадимро иборат аз 50 китоб (11 китоб бештар аз яҳудия ба забони юнонии қадим) медонанд, ки православҳо ин 11 китобро мепазиранд, протестантҳо онҳоро (чун ба забони аслии яҳудии қадим навишта нашудаанд) қабул надоранд. 27 китоби Аҳди ҷадид барои ҳамаи масеҳиён ягона мебошанд. Ҳамаи китобҳои Китоби Муқаддас ба бобҳо ва ҷузъҳо ҷудо карда шудаанд, ки онҳо дар садаи XVI барои осон шудани иқтибос ва истинод ба онҳо шуморагузорӣ шуда буданд. Ислом Аҳди қадим (Таврот) ва Аҳди ҷадид (Инҷил)-ро дар аҳкоми худ истифода набурда бошад ҳам, онҳоро муқаддас мешуморад. Зеро ашхоси ҳар ду қисмати Китоби Муқаддас (Иброҳим, Юсуф, Исо ва диг.) дар Қуръон мавқеи муҳим доранд. Яҳудиҳо китоби Танахро ба се бахш ҷудо намудаанд: Таврот ё Панҷсирф – панҷ китоби Мусо пайғамбар (Тора); китобҳои пайғамбарон (Небиум) ва мактуботи онҳо (Кетубим). Ба охирӣ панҷ китоб (Мегиллот)-ро нисбат додаанд, ки дар идҳои бузург аз рӯйи онҳо ниёишҳои мазҳабӣ сурат мегиранд. Китобҳои пайғамбарон аз якчанд ҳодисаҳои таърихии аҳди бостон ва Мактубот аз фаъолияти марбут ба воизони таърихии асрҳои 8–5 то м. ва маҷмӯи матнҳои манзуму мансур иборатанд. Тақсимоти фавқ комилан шартӣ буда, китоби Ясуъ банӣ Новин аз бахши дуюм давоми мустақими китоби Хурӯҷ аз бахши аввал ба шумор меравад. Масеҳиён Аҳди қадимро ба китобҳои гуфторҳо, омӯзишҳо ва китобҳои пайғамбарон тақсим намудаанд.

Аҳди ҷадид

вироиш

Аҳди ҷадид муоҳидаи тозаест, ки ба шарофати зуҳури Исои Масеҳ баста шудааст. Ҳамин гуна тақсимот дар Аҳди ҷадид низ вуҷуд дорад. Ба бахши гуфторҳо Инҷил ва Афъоли ҳаввориён, ба омӯзаҳо номаҳои ҳаввориён (маҷмӯан 21 нома, ба ҳаввори Павел, ба Пётр, Юҳанно, Яъқуб, Яҳузо) ва пайғамбарон Ваҳйи Юҳаннои Лоҳутӣ ё Апокалипсис (пешгӯиҳо дар бораи муборизаҳои ниҳоии хайру шар дар охирзамон) дохил мешаванд. Аҳди ҷадид аз ёдгориҳои адабиёти масеҳияти ибтидоии нимаи дуюми асрҳои 2–1 то м. иборат аст, ки асосан ба забони юнони қадим навишта шудаанд.

Омӯзиш

вироиш

Китоби Муқаддас дорои маводди ғании таърихӣ, тасаввуроту боварҳои динӣ ва гуфторҳои халқу миллатҳои ҳавзаи мадании Баҳри Миёназамин, санадҳои иҷтимоию сиёсии сулолаҳо, шарҳу баёни эъҷозҳо, пайғамбарӣ ва пешниҳодҳои тиббию беҳдоштӣ мебошад. Дар китобҳои Аҳди қадим маълумот дар бораи офариниши Оламу Одам, таърихи қавму қабоили яҳудӣ ва давлати яҳудиён ироа шудаанд. Дар Инҷил ҳаёту фаъолият ва таълимоти Исои Масеҳ, дар Афъоли ҳаввориён манбаъҳои дини масеҳӣ ва таърихи аввалин обшинаҳои он оварда шудаанд. Аҳди қадим аз забони қадимаи яҳудӣ ба забони оромӣ тарҷима шуда буд ва дар асрҳои 2–3 тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони лотинии қадим сурат гирифт. Охирҳои садаи IV ва ибтидои садаи V он тавассути И. Блаженний ба лотинӣ баргардонида шуд.

  1. Абдуллоҳ Шаҳбозӣ. Рози густариши тамадуни исломӣ дар Аврупо(форсӣ). 16 августи 2018 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш