Китобхонаи давлатии Русия

Китобхонаи давлатии Русия (рус. Российская государственная библиотека) — китобхонаи миллии Русия, калонтарин китобхонаи оммавӣ дар Русия, қитъаи Аврупо ва яке аз калонтарин китобхонаҳои дунёст, ки дар шаҳри Маскав қарор дорад. Муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти китобхонашиносӣ, китобдорӣ, китобшиносӣ, маркази машваратии ҳама самтҳои китобхонаҳои Русия (ғайр аз китобхонаҳои махсус ва илмӣ-техникӣ), маркази тавсиядиҳии китобшиносӣ.

Китобхонаи давлатии Русия
Китобхонаи давлатии Русия
Китобхонаи давлатии Русия
Навъ китобхонаи миллӣ оммавӣ
Кишвар  Русия
Нишонӣ Маскав, ноҳияи Арбат, кӯчаи Воздвиженка, 3/5
Таъсис 19 июни (1 июли) соли 1862
Филиалҳо 3
Рамзи ISIL RU-10017011
Фонд
Таркиби захира китобҳо, дасхатҳо, нашрияҳои даври, сабтҳои садои, корҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳо ва ғ...
Ҳаҷми захира 48,1 миллион (2021)
Нусхаи ҳатмӣ ҳамаи нашриётҳои Русия
Дастрасӣ ва истифодабарӣ
Шароити сабт бе пул, аз наздик ва онлайн, аз 14 сола боло, шаҳрвандони Русия ва хориҷӣ
Содироти солона 14 миллион адад (2017)
Хидматрасонӣ 24,6 миллион (2021)
Шумораи хонандагон 387 ҳазор (2021)
Дигар иттилоот
Буҷет 2,721 миллиард рубл (2021)
Раис Дуда Вадим Валерьевич
Кормандон 1613
Веб-сайт rsl.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор


19 июни (1 июли) соли 1862, дар Осорхонаи оммавии Маскав ва осорхонаи Румянтсева ташкил ёфтааст. Аз рӯзи таъсисёбиаш то ҳол, нусхае аз ҳар як китобе, ки дар Русия нашр мешаванд, ҳатман ин ҷо месупоранд.

Санаи 24 январи соли 1924 ҳамчун Китобхонаи Русия ба номи В.И.Ленин (рус. Российская библиотека имени В. И. Ленина) номгузорӣ шуда буд.

Аз 6 феврали соли 1925 ҳамчун Китобхонаи давлатии ИҶШС ба номи В.И.Ленин (рус. Государственная библиотека СССР имени В. И. Ленина) ном бурда мешуд.

Аз 22 январи соли 1992 Китобхонаи давлатии Русия (рус. Российская государственная библиотека) номгузорӣ карда шуд.

То 1 январи соли 2017, захираҳои иттилоотии ин китобхонаро қариб 96,9 ҳазор хонандагон истифода бурдаанд, ки ҳар сол то 13,9 миллион ҳуҷҷатҳоро мутолиа мекунанд.

Ҳар сол аз Китобхонаи давлатии Русия 12,6 миллион хонандагони хориҷӣ ва Русия истифода мебаранд. Дар 36 қиротхонаҳо, ки 1748 ҷои нишаст доранд (аз онҳо 368 ҷои нишаст бо компютер муҷаҳҳаз карда шуданд), ба хонандагон хидмат мерасонанд. Дар соли 2016, сайти китобхонаро 11,6 миллион нафар хонандагон истифода бурдаанд. То 1 январи соли 2017 Китобхонаи давлатии Русия дар фонди худ 46,9 миллион адад захира дошт; аз онҳо 18,7 миллион китобҳо, 13,3 миллион маҷаллаҳо, 739,6 ҳазор ҳафтаномаҳо, 1 миллион дастнависҳо, 1088,8 ҳазор диссертатсия, 605,6 ҳазор маводҳои бойгонӣ ва дастнависҳо, 37,9 ҳазор ҳуҷҷатҳои садои, 1237,2 ҳазор ҳуҷҷатҳои электронӣ ва ғ... дорад.[1]

Вестибюл ва зинапояи китобхонаи давлатии Русия
Китобхонаи давлатии Русия, толори қироатхонаи № 3

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Румчерод [Электронный ресурс]. — 2015. — С. 666. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 28). — ISBN 978-5-85270-365-1.

Пайвандҳо вироиш

  1. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%BE%D1%81%D1%81%D0%B8%D0%B9%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%B3%D0%BE%D1%81%D1%83%D0%B4%D0%B0%D1%80%D1%81%D1%82%D0%B2%D0%B5%D0%BD%D0%BD%D0%B0%D1%8F_%D0%B1%D0%B8%D0%B1%D0%BB%D0%B8%D0%BE%D1%82%D0%B5%D0%BA%D0%B0