Конвенсияи ҳуқуқи кудак

Конвенсияи ҳуқуқи кудак — Санади ҳуқуқии байналмилалӣ аст.

Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.

2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиӯои махсуси кӯдакон ба ҷо меовард. Инсоният ба қабули ин ҳуҷҷат тадриҷан ва бо роҳи дуру дароз расид:

  • соли 1924 – қабули Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо;
  • соли 1948 – аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар;
  • соли 1959 – қабули Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак;
  • соли 1979 – эълон гардидани Соли байналхалқии кӯдак.

Ғайр аз ин дар як қатор созишномаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои башардӯстӣ меъёрҳои мушаххасе дар бораи вазъияти кӯдакон таҳким бахшида шуданд. Ҳамзамон бо ин ҳама баъзе давлатҳо зарурати қабули созишномаи байналмилалии ҳамаро фарогирандаро дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд характери ҳатмӣ дошта бошад, изҳор менамуданд.

Ба таҳкими чунин нуқтаи назар хабарҳо дар бораи шароитҳои вазнини зиндагии кӯдакон, ки дар ин хусус фавти хеле зиёд, ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, дар онҳо набудани имкониятҳои зарурии гирифтани таҳсилоти одӣ шаҳодат медоданд, мусоидат мекарданд. Ѓайр аз ин иттилоот дар хусуси кӯдакони дучори зишткориҳою истисморгардида дар шакли фоҳишагарӣ ё меҳнати хавфнок, дар бораи кӯдакони дар маҳбасҳо нигоҳдошташаванда ё кӯдакони ҷабрдидаи низоъҳои мусаллаҳона боиси нигарониҳои боз ҳам бештаре мешуданд.

Бо таҳияи Конвенсия гурӯҳи кории таъсисдодаи Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ, ки аз ашхоси махсус фиристодаи ҳукуматҳо, ҳамчунин намояндагони як қатор мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, чун масалан, Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНИСЕФ, ИКОГ СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иборат буданд, машғул шуд. Конвенсия нахустин ҳуҷҷати байналмилалии ҳатмии юридикие мебошад, ки доираи ин қадар васеи ҳуқуқҳои инсон – ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифтааст. Конвенсия муносибати ҳамаҷониба (том)-ро ба баррасии вазъиятҳои кӯдакон истифода мекунад, муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро, ки ҳамагӣ аз 10 принсип иборат буда, таваҷҷӯҳро ба зарурати ҳифзи кӯдак дар давраи рушди ӯ ҷалб месозад, инкишоф медиҳад ва мушаххас мегардонад. Конвенсия ба эҳтироми шаъну шарафи ҳамаи одамон асос карда, эътироф мекунад, ки ҳар кӯдак ҳуқуқҳои инсониро соҳиб аст: ин ҳуқуқҳо аз ҳуқуқҳои волидон ё ягон одами калон гирифта нашудаанд ва вобастаи онҳо нестанд. Ин асоси консепсияи вусъат бахшидани имкониятҳои кӯдак буда, эътирофи кӯдак ба сифати субъекти соҳибэҳтиром ва узви ҷомеа ба он мақсад аст, ки ақидаҳо ва интизориҳои маҳдудсозандаю табъизӣ нисбат ба одамони ҳавон дигаргун гарданд.[1]

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш